Санҷиши ташкилотҳои ибтидоӣ

АШТ. Бо мақсади муайян намудани ҳолати воқеии аъзоёни ҳизб ва пардохти ҳаққи узвият омӯзиши ташкилотҳои ибтидоӣ ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб корбарӣ дар ин ҷода оғоз гардид. Рӯзи гузашта бо иштироки роҳбари маркази таблиғот ва иттилоот Нурматов О. ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроия Ҳасанов М. фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии идораи байтор, шабакаҳои барқ, маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ, стансияи санитарӣ-эпидемиологӣ, хоҷагии ҷангали Н.Ҳувайдуллоев дар ин хусус санҷида шуда, нисбати бартараф намудани баъзе норасоиҳо ёрии методӣ расонида шуд. Чорабинии мазкур имкон медиҳад, ки талаботи Оинномаи ҲХДТ ва Низомнома «Оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба пуррагӣ риоя карда шуда, инчунин пардохти ҳармоҳаи ҳаққи узвият ба танзим дароварда шавад. Омӯзиши ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>