ҲАМКОРИИ КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТИИ ҲХДТ БО ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ ШАҲРИ ИРКУТСК ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

IMG_0330

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода раиси Ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Иркутски Федератсияи Русия Мурувват Маликшоевро ба ҳузур пазируфт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷамъияти мазкур ҳамкории зич дошта, дар доираи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати муттаҳидсозии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои кору рӯзгори онҳо тадбирҳои зиёдеро амалӣ мегардонад, – зикр гардид зимни мулоқот.

Ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Иркутск зиёда аз 10 сол аст, ки бо ҲХДТ ҳамкорӣ дошта, он самараи нек ба бор овардааст. Ғояву ҳадафҳои ҲХДТ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дастгириву татбиқи ҳамаҷониба ёфта, аксарияти онҳо узви ин ҳизби мардумӣ мебошанд.

Аз ҷониби роҳбарону масъулини кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, аз ҷумла, шаҳри Иркутск пайваста сафарҳои хизматӣ ташкил гардида, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони муқими он сӯҳбату мулоқотҳои судманд анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Наврӯзи байналмилали имсола сафари намояндагони кумиҷроияи вилояти Суғд ба Иркутск ба вуқӯъ пайваста, ин ҷашни бостонӣ бо риояи расму оинҳои миллии тоҷикӣ ва иштироки 3000 нафар таҷлил карда шуд.

Ҳамчунин, зимни ин сафарҳо вохӯриву мулоқот бо муҳоҷирон сурат гирифта, аз ҷониби масъулини ҲХДТ ҳаллу фасли масъалаву муаммоҳои муҳоҷирон ба роҳ монда мешавад.

Ин аст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои роҳбарияти ҲХДТ хушнуданд ва ҳадафҳои онро пуштибонӣ мекунанд, – таъкид кард, Мурувват Маликшоев.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён М.А. аз ҳамкориҳои ҳизб бо ҷамъияти тоҷикон, ки ба хотири ҳифзи асолати миллӣ,  сарҷамъсозӣ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ сурат мегирад, қаноатмандӣ кард. Вай гуфт, муттаҳидсозии ҷомеа, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ омили муҳими осудагӣ ва кору фаъолияти самаранок аст. Ва хушбахтона ин рисолатро ҷамъияти тоҷикон ва кумиҷроияҳои ҲХДТ дар якҷоягӣ ба ҷо оварда истодаанд.

Сатториён М.А. ба боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда, гуфт, ки танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва мусоидат ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба он вобаста аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб мегардад.

Интизорӣ меравад, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Иркутск фестивали бошукӯҳе доир кунад.

Дар ин мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар низ иштирок карда, аз таассуроти сафари корияш ба ин минтақаи Федератсияи Русия ва натиҷаи ҳамкориҳо бо ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Иркутск ёдовар шуд.

Барои ҳамкории судманд Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён М.А. бо Сипосномаи Ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Иркутски Федератсияи Русия сарфароз гардонида шуд. Ба меҳмон низ чун рамзи эҳтиром тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гашт.

Ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Иркутски Федератсияи Русия соли 1999 таъсис ёфта, аз мақому манзалати хоса бархурдор аст. Дар Иркутск намояндагони 125 халқият зиндагӣ карда, миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ зиёданд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик асосан ба корҳои тиҷору сохтмон машғул буда, ҳамчунин, дар ташкилотҳои ҷамъиятиву давлатӣ фаъолият мебаранд.IMG_0344

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>