Омилҳои асосии пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида ҳафтаи равон дар ҷамоати деҳоти Ёва, шаҳраки Ғафуров ва ҷамоати деҳоти Унҷӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотии кумитаи иҷроия бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, вакилони маҳаллӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, раисони шӯрои занон, бибиотунҳо, ходимони дин ва фаъолон  баргузор гардид.  Ҳамчунин дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти Суғд Қодирҷонзода Мирҷалол,  муовини сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Муҳиддинзода М. ва ёрдамчии прокурори ноҳия Кабирзода А. иштирок ва баромад намуданд. Дар мулоқот масъалаи роҳу усулҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷомеа  ва омилҳои асосии ба вуқӯъ пайвастани он мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат. Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар нисбати амалигардонии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин ва фаъолон дастуру супориш доданд, ки дар маҳалҳо рафти иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Аз ҳамин нуқтаи назар бештар ба ин масъала эътибори хоса дода шуд. Ҳамзамон баромадкунандаҳо зимни суханрониашон  оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷанҷоли оилаҳои носолим, хушунати хонаводагӣ, аз байн бурдани никоҳи хешу таборӣ, омода намудани духтарону ҷавонписарон ба оиладорӣ ва омӯзонидани масъулияти мустақилият дар ҳаёт, мустаҳкам намудани алоқаи доимии   волидайн бо мактаб истода гузаштанд.      Дар охири мулоқотҳо раисони кумитаиҳои маҳалла, ходимони дин ва фаъолон доири бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта фикру андешаҳои хешро иброз намуда, баҳри пешбурди кор таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>