ШАРИФА ЁҚУБОВА БА ХОТИРИ ФАРЗАНДИ ШАҲИДАШ БОҒ БУНЁД МЕКУНАД

Деваштич

Шарифа Ёқубова, омӯзгори шинохта аз ноҳияи Деваштич барои поси хотири фарзанди ҷавонмаргаш – Рифъат Эгамбердиев боғ бунёд мекунад.

Ин муаллимаи хизматнишондода зимни як дидор ба намояндагони кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ гуфт, боғи мазкур ба хотири ҷигарбандаш ва кулли қурбониёни роҳи озодӣ бахшида мешавад.

Фарзанди ӯ Рифъат Эгамбердиев дар роҳи ҳифзи сохти конститутсионӣ, дар айни ҷавонӣ ҷон бохтааст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич аз намояндагии Ҷамъияти барқароркунандагони сохти конститутсионӣ хост, то ташаббуси мазкурро дастгирӣ кунанд.

Ин ташаббус дар ҳоле маълум гардид, ки раиси КИ ҳизб дар ноҳияи мазкур Комрон Исмоилиён ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИВ ҲХДТ Мутриба Бобоҷонова ба аёдати ин модари фарзандгумкарда рафтанд.

Ба ин хонавода як миқдор маводи озуқа дастрас ва дар пештоқи манзили онҳо лавҳаи ифтихорӣ насб карданд.

Зимнан, намояндагони КИ ҲХДТ аёдати чанде аз волидоне, ки фарзандонашон дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ҳалок шудаанд, ҷанговарони байналмилал, иштирокчиёни садамаи атомии Чернобил ва Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ҷо оварданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>