ИНТЕРНЕТ: тарғибот ранги дигар мегирад

IMG_7139

Сомона ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба минбари асосии тарғиботии ҲХДТ табдил меёбанд.

Тасмим ҳаст кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сомонаҳои расмии худро таъсис дода, дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ фаъолияти тарғиботиро тақвият бахшанд.

Дар ин бора зимни семинари омӯзишӣ, ки дар толори Раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарону масъулини ҲХДТ аз нӯҳ шаҳру ноҳияи вилоят баргузор гардид, маълумот дода шуд.

Ба гуфтаи Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳадафи Кумиҷроияи вилоятӣ аз роҳандозии семинари омӯзишӣ баланд бардоштани дониши расонаӣ, тақвият бахшидани фаъолияти тарғиботӣ бо истифода аз воситаҳои муосири иттилоотӣ маҳсуб мешавад.

“Дар шароити кунунӣ сомона ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар фазои иттилоотӣ ҷойгоҳи хоса дошта, аз воситаҳои муҳими иттилоърасонӣ ва ҳам тарғибу ташвиқ маҳсуб мешаванд. Истифодаи самараноки ин имкониятҳо барои пешрафти кори ҳизб муҳим аст”- гуфт номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Саидумрон Саидзода, ки ба ҳайси омӯзгори семинари омӯзишӣ баромад мекард.

Ба иштирокдорони семинар нозукиҳои кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ тавассути машғулиятҳо фаҳмонида шуд.

Ба таъкиди Саидумрон Саидов бо вуҷуди он, ки расонаҳои электронӣ, аз ҷумла, сомона ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар фаъолияти тарғиботии кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят васеъ истифода мешавад, ҷорӣ кардани усулҳои нав тақозои замон аст.

Бознигарӣ ва таҷдиди усули кор, самараноку ҳадафрас истифода бурдани воситаҳои муосири технологиро Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ таъкид карда буданд. Семинари омӯзишӣ низ дар партави татбиқи ҳамин дастури Раиси ҲХДТ ташкил карда шуд.

Мувофиқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сомонаҳои интернетии худро таъсис медиҳанд. Қисме аз машғулиятҳои семинари омӯзишӣ ба самаранокии кор дар сомонаҳои ҳизбӣ нигаронида шуда буд.

Дар семинари омӯзишӣ масъулини кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Мастчоҳ иштирок карданд.

Семинар ба таври силсилавӣ дар дигар минтақаҳои вилояти Суғд низ сурат мегирад.IMG_7115 IMG_7134

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>