КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ аз фаъолияти нимсола натиҷагирӣ кард

20190711_090544

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилзода Абдуғанӣ аз натиҷаҳои фаъолияти кумиҷроия ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, доир ба самтҳои алоҳидаи он аъзои фаъоли ҳизб Парвина Хоҷаева ва Фахриддин Рӯзибой маърӯза карданд.

Мудири шӯъбаи ташкили, назорат,  омор ва кадри  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия баҳои хуб дода, қайд кард, ки дар робита ба маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати ҲХДТ фаъолият боз ҳам таҳким бахшида шавад.

Дар маҷлис Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ҷамъбасти маҷлис ба якчанд нафар аъзои тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Ҳамзамон ба ташкилотҳои ибтидоие, ки саривақт нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбиро иҷро карданд, тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>