Машварати ҳизбиён дар Панҷакент

Recoverd_jpg_file(1451)

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳр маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор шуд.
Дар маҷлиси ҳисоботӣ раиси кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода оид ба фаъолияти кумитаи иҷроия дар нимсолаи аввал ва вазифагузориҳо дар нимсолаи дуюми соли 2019 маърӯза кард.
Дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис чанде аз аъзои кумитаи иҷроия ва ҳизб иштирок намуда, барои беҳдошти фаъолият пешниҳодҳои судманд иброз доштанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин гузоришҳои мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев дар бораи мӯҳтавои корҳои тарғиботӣ, муовини раиси кумиҷроия Парвина Тошева дар бораи рафти ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҲХДТ Ҷасорат Ансорӣ оид ба фаъолияти вакилӣ шунида, нақшаи самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроия ва мавзӯъҳои машғулиятҳои хониши сиёсӣ барои нимсолаи дуюми соли 2019 карда шуд.
Ҳамчунин, маҷлиси кумитаи иҷроия дар бораи даъват намудани Конференсияи XX ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент қарор қабул намуд.
Дар маҷлис Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён ва намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Фирдавсхон Саидов сухан карданд.
Дар охир ба 5 нафар бародарон аз як оила ва 5 нафар омӯзгорони ҷавон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>