Спитамен: дар шаш моҳ узви ҲХДТ 300 нафар афзуд

3333

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Спитамен 300 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардиданд. Бо ин тартиб, узви ҲХДТ дар ин ноҳия ба 6046 нафар расидааст.

Яке аз омилҳои асосии афзудани таваҷҷӯҳи мардум ба ҲХДТ аз ташаббусҳои созандаи ҳизбиён маншаъ мегирад,–зикр  гардид зимни маҷлиси ҳисоботии кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб.

Мувофиқи ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода яке аз корҳои шоистаи кумиҷроия дар ин давра, ба ғайр аз чорабиниҳои сершумор, таъсиси сехи дӯзандагӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси муштараки КИ ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилоти ибтидоии Куруш сехи дӯзандагӣ созмон ёфта, даҳҳо нафар бонувонро ба кор фаро гирифтааст.

Ҳамчунин, бо ташаббуси кумитаи иҷроияву ташкилотҳои ибтидоии он ва вакилону ҳамсафон аёдати бештар аз 1250 нафар ба ҷо оварда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов зимни суханронӣ дар ин ҷаласа гуфт, набояд чунин дастовардҳо моро хотирҷамъ намоянд, балки барои боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолият ҷидду ҷаҳди бештар бояд намуд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ, ки натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи кумиҷроия таҳлил ва самтҳои фаъолият барои нимсолаи дуюм баррасӣ гардиданд, муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ низ иштирок ва суханронӣ кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>