Б.Ғафуров: натиҷагирӣ аз фаъолият

IMG_0472

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷлиси навбатӣ аз фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда, барои нимсолаи дуюм самти кор ва нақшаҳояшро муайян намуд.

Дар ҷаласаи кумиҷроияи ноҳия Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок карда, доир ба тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, омодагии комил ба маъракаи муҳими сиёсӣ, иҷрои сифатноки нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, ҷорӣ кардани роҳу усулҳои муосиру муассири тарғибот ва дигар масъалаҳои муҳим сухан кард.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ зикр кард, ки дар фазои сиёсии ноҳия аъзову ҷонибдорони ҲХДТ нақши бориз дошта, ин нерӯи бузург дар амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, тарғибу ташвиқ ва татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузоранд.

Мувофиқи рӯзнома дар маҷлис ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Сангин Илҳом шунида шуда, конференсияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват ва як қатор қарорҳои кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ тасдиқ гардиданд.

Феълан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 13845 нафар аъзо дошта, онҳоро 4 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 93 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид кардааст.

Дар маҷлис таъкид шуд, ки дар ҳама самтҳои фаъолияти кумиҷроияи ноҳия муваффақиятҳо мавҷуданд. Он ба ғайр аз ташкили чорабиниҳои мухталиф ва вохӯриву мулоқотҳо дар самти дастгирии иҷтимоии мардум низ як зумра корҳоро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, давоми шашмоҳаи аввали соли 2019 аёдати 470 нафар оилаҳои камбизоат, шахсони эҳтиёҷманду бемор ва собиқадорони меҳнату пиронсолон ба ҷо оварда шудааст. IMG_0505 IMG_0550 IMG_0600 IMG_0629

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>