КИ Ашт: шарҳу тавзеҳи Паём 10000 нафарро фаро гирифт

DSC_5532

Вохӯриву мулоқотҳое, ки вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ гузаронида шуданд, зиёда аз 10 000 (даҳ ҳазор) нафар мардуми касбу кори гуногунро фаро гирифтаанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ ҳини пешниҳоди ҳисобот дар маҷлиси ҷамъбастӣ гуфт: аммо барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда, набояд ба чорабиниҳои мавсимӣ маҳдуд шавем, балки бо мақсади мусоидат ба татбиқи ин санади муҳим ҷиддӣ корбарӣ намудан лозим аст.

Аз рӯи таҳлилҳо дар ноҳияи Ашт барои боз ҳам таҳким бахшидани фаъолияти ҳизбӣ имкониятҳо зиёданд. Сафи ҳизбиён ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сол аз сол афзуда, фарогирии мардум бо ғояҳои созандаи ҲХДТ низ бештар мешавад.

Танҳо давоми шаш моҳи охир ба сафи ҲХДТ 581 нафар пазируфта шуда, шумораи умумии аъзои ҳизб дар ноҳия 10222 нафарро ташкил медиҳад.

Бобоҷон Қурбонов, узви Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ”, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, гуфт, ҳангоми қабули аъзо пеш ҳама ба сифат эътибор дода шавад: “Сафи ҲХДТ ҷои ашхоси ватандӯст, садоқатпеша, босавод ва умуман, инсонҳои комил аст”. Вай ҳамчунин доир ба баланд бардоштани сатҳи ҳуҷҷатгузорӣ, мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии ташкилотҳои ҳизбӣ, ба танзим даровардани фаъолияти молиявӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои пешрафти боз ҳам бештари фаъолият аз номи роҳбарияти Кумиҷроияи вилоятӣ дастурҳо дод.

Маҳмудзода Ҷамшед, муовини Раиси ноҳияи Ашт дар баромадаш ба ҳизбиён муроҷиат карда гуфт, ки дар робита ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи дар пешистода аз ҳозир бояд омодагӣ дид. Маҳмудзода аз ташаббусҳои кумитаи иҷроия дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои пуршукӯҳи сиёсиву фарҳангӣ истиқбол кард. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки кумитаи иҷроияи ноҳия дар гузаронидани корҳои тарғиботӣ бо усули хона ба хона, маҳалла ба маҳалла таҷрибаи хуб дорад. Дар ин сӯҳбатҳо маҳаки асосиро баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносии насли ҷавон дар бар гирифта, натиҷаҳои хуб низ ба бор овардаанд.

Давоми ним соли охир аз ҷониби кумиҷроия, вакилон, ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҷонибдорони ҳизб аёдати 623 нафар ба ҷо оварда шудааст.

Ҳизбиёни ноҳия тасмим доранд 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоёни меҳнатӣ сазовор таҷлил намоянд.IMG_1017

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>