Дар Истаравшан аз фаъолияти кумиҷроияи ҳизб натиҷагирӣ карданд

1

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан аз фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда, инчунин, барои фаъолияти минбаъда вазифаву нақшаҳояшро муайян намуд.

Дар маҷлис фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар ин давра таҳлил гардида, аз натиҷаҳои он қаноатмандӣ изҳор карданд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода таъкид кард, ки ҲХДТ аз нерӯи бузурге бархурдор аст, бинобар ин, барои боз ҳам равнақ бахшидани фаъолият мебояд аз имкониятҳо истифода бурд. Ба гуфтаи вай дар шароити феълӣ ҳадафрасии фаъолияти тарғиботиву ташвиқотӣ аз истифодаи самараноки усулҳои муосири тарғибот вобастагӣ дорад.

Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода низ ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳр баҳои баланд дода, дар баробари ин, барои пешрафти кори ҳизбӣ дастуру пешниҳод ва маслиҳатҳо дод.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, комиссияи тафтишотӣ,  рафти маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ шунида шуданд. Ба ҳайати кумитаи иҷроия тағйирот ворид карда, як қатор қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан барои нимсолаи дуюми соли 2019-ро тасдиқ карданд.

Дар охир ба як қатор фаъолони ҳизб, ташкилотҳои ибтидоие, ки дар тарғиби ғояҳои ҲХДТ фаъолона ширкат варзидаанд, сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан тақдим гаштанд.

Инчунин, ба як қатор ҷавонони фаъол, ки нав ба сафи ҲХДТ қабул гардидаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.2 6

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>