Хуҷанд: дар шаш моҳ 1229 нафар аъзои ҲХДТ шуданд

1,1

Давоми шаш моҳи аввали соли 2019 КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилотҳои ибтидоии он 1229 нафар шахсони арзандаро ба сафи ҳизб қабул намудааст.

Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар дар ҳисоботи худ, ки зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ироа шуд, гуфт, айни замон шумораи аъзои ҲХДТ дар миқёси шаҳр ба 17 ҳазору 300 нафар расидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 6 адад корхонаву муассисаҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода, бо ин шумораи умумии онҳо ба 232 адад расидааст. Инчунин, 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ фаъолият мебаранд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ тамоми самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ бо қаноатмандӣ изҳор кард, ки кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи беҳтарин ташкилотҳои ҳизбӣ маҳсуб мешавад. Дар баробари ин, барои пешрафти бештари фаъолият супоришу дастурҳои роҳбарияти кумитаи иҷроияи вилоят расонида шуд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода аз ҳамкории босамари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, саҳми аъзову фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар раванди бунёдкорию созандагӣ ва ҳалли мушкилоти мардум ёдовар шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии «Ориён», директори Коллеҷи омӯзгорӣ Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ, раиси ташкилоти ибтидоии «Маркази хун» Мирзонеъмат Наҷмиддинов ва раиси ташкилоти ибтидоии «Пӯлод Толис» Наима Раҳматова дар қисмати музокироти маҷлис андешаҳояшонро доир ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрӣ баён карданд.

Инчунин, ҳисоботӣ раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроия Абдумавлон Азимов шунида шуда, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Шоира Бузурукова суханронӣ кард.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ аъзои кумиҷроия даъвати Конференсияи 22-юми  ҳисоботӣ – интихоботии кумиҷроияро ҷонибдорӣ карданд.

Дар анҷоми ҷаласа фаъолони ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд.2 (1)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>