Аъзоёни ҲХДТ нерӯи бузурги созандаро мемонанд

IMG_0694

Дар ҷаласаи ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст, аз фаъолияти кумиҷроияи ноҳия ҳисобот дода, нақшаи кории онро барои нимсолаи дуюми соли 2019 тасдиқ карданд. Инчунин, рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар ин ҷаласа баррасӣ ёфт.

Аз рӯи ҳисоботи раиси кумиҷроияи ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам давоми нимсолаи аввали соли 2019 гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотии ҳизбӣ барои шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва тарғиби солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 86 вохӯриву мулоқот доир намуданд. 42 мулоқоту вохӯриҳои дигар ба таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо тақлидкориву хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва ғайра бахшида шуданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, доир ба баланд бардоштани мақому манзалати ҳизб дар ҷомеа, тақвият додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, вусъат бахшидан ба ҷараёни маъракаи обуна ва дигар масоили муҳими дохилиҳизбӣ ҳарф зад. Вай ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва ислоҳи камбудиҳо, махсусан, дар раванди маъракаи обуна дастуру вазифаҳои мушаххас дод.

Муовини якуми Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Файзулло Қосимӣ аъзоёни ҲХДТ-ро ки шумораашон дар ноҳия аз 8000 нафар бештар аст, нерӯи бузурги созанда номида, нақши онҳоро дар таҳкими давлатдорӣ ва татбиқу тарғиби сиёсати имрӯза муҳим шуморид.

Раисони ТИ “Фарҳанг», Ҷамоати деҳоти Гулхона Юсуфӣ Фатҳиддин ва Назира Тошпулотова зимни суханронӣ дар қисмати музокирот аз афзоиши нуфузу эътибори ҲХДТ дар ҷомеа ҳарф заданд.

Афзудани эътимоди мардум ба ҲХДТ-ро аз муроҷиати бешумори онҳо ба сохторҳои ҳизбӣ низ метавон пай бурд, ки давоми шаш моҳ 1444 ададро ташкил мекунад. Кумиҷроия ба дастгирии иҷтимоии ҷомеа, ки аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ мебошад, диққати махсус дода, аз ҷониби ҳамаи сохторҳои он давоми ним сол 742 нафар аёдат карда шуданд.

Дар фароварди ҷаласа ба 10 нафар ҷавонони фаъоли ноҳия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин, барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб Раиси ноҳия Салимзода Комил ва собиқадори ҳизб Хайрулло Вайдуллоев бо медали ҷашнии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва муовини раиси кумиҷроияи ноҳия Умарзода Ботирҷон, собиқадорони ҳизб Абдурасул Абдураҳмонов,  Муҳайё Саматова бо сипосномаҳои кумитаи иҷроияи вилоятӣ қадр гардиданд.IMG_0766 IMG_0772IMG_0823 IMG_0839 IMG_0884

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>