Зафаробод: таҳлил ва натиҷагирӣ аз фаъолият

20190711_101310

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар давраи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун доир ба фаъолияти кумитаи иҷроия ҳисобот дод.

Мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фируза Раҳимӣ вобаста ба фаъолияти кумитаи иҷроия андешарони намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбиёни ноҳия тавсияҳои судманд дод.

Мавқеъ ва мақоми ҲХДТ ва нақши ҳизбиёни ноҳия дар ташаккули афкори мардум дар суханронии муовини Раиси ноҳияи Зафаробод Абдуллозода Заррина таъкид ёфт.

Аъзои шӯрои собиқадорон Қосим Ҷӯраев ва узви фаъоли ҲХДТ  Нарзулло Одинаев дар суханронии худ содиқ будан ба ҳизб ва амалигардонии ҳадафҳои созандаи онро талқин карданд.

Дар ҷамъбасти маҷлис ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии коллеҷи омӯзгорӣ, маорифчиён ва чанд ташкилоти дигар барои иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ сипоснома тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, чанд нафар фаъолон аз соҳаи тандурустӣ ба аъзогии ҲХДТ қабул карда шуданд.   20190711_103157

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>