Кӯҳистони Мастчоҳ: бинои КИ ҲХДТ моҳи август ба истифода дода мешавад

1 (1)

Бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро то моҳи августи соли ҷорӣ ба истифода медиҳанд.

Дар ин бора раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Имоммуҳаммад Наврӯззода хабар дода, таъкид кард, ки баъди боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода корҳои сохтмонӣ авҷи тоза гирифтааст.

Боздиди роҳбарияти вилоят аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аз ҷумла, шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии бинои кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҳафтаи гузашта сурат гирифта буд.

Ба роҳбарияти кумитаи иҷроияи ноҳия дастур доданд, то корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботҳо анҷом дода шавад.

Тасмим ҳаст корҳои сохтмониро моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом расонида, биноро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Сохтмони бинои кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар маркази Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳробод ҷараён дошта, масоҳати умумии он 153 метри мураббаъро ташкил мекунад. Мувофиқи лоиҳа бино аз ду ошёна ва шаш ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бино барои кормандони дастгоҳ ва ҳизбиёни ноҳия шароити мувофиқи фаъолият муҳайё хоҳад гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зиёда аз 3200 нафар аъзо дошта, онҳоро 40 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид кардааст.  mst-hhdt-2

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>