Истиқлол: ҳизбиён дар нимсолаи дуюм бо нерӯи нав кор мекунанд

IMG-b1249f46f890b67c6d4c279d92edf4ef-V

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумитаи иҷроия бо роҳандозии вохӯриҳо ба мардум расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат буд. Ин вохӯриҳо мардуми касбу кори гуногунро фаро гирифта, заминаи мусоиде барои татбиқи ин санади муҳим фароҳам оварданд, – гуфт, зимни маҷлиси ҷамъбастӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Мансур Боқиев.

Ба гуфтаи ӯ дар ин давра беш аз 60 нафар ашхоси арзандаро ба сафи ҳизб қабул карда, ба танзими масъалаҳои дохилиҳизбӣ – ҳуҷҷатгузорӣ,  мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии ташкилотҳои ҳизбӣ ва  баланд бардоштани савияи дониши сиёсиву тахассусии кормандони масъули ташкилотҳои ҳизбӣ эътибори махсус дода шуд.

Сармуҳаррири нашрияи КИ ҲХДТ “Сухани халқ” Бобоҷон Қурбонов бо таҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи кумиҷроияи шаҳр қайд кард, ки фаъолияти ҳизбӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуби  терроризм ва экстремизм, мусоидат ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии соли оянда, вусъатбахшӣ ба раванди маъракаи обуна тақвият бахшида шаванд.

Муовини Раиси шаҳри Истиқлол Нуринисо Комилзода вусъат бахшидан ба фаъолияти тарғиботиву ташвиқотиро тақозои замон шуморид. Вай нақши ҳизбиёнро дар ҳифзу пойдории истиқлолияту ваҳдати миллӣ, тарбияи хештаншиносиву ватандӯстии насли ҷавон, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб муҳим арзёбӣ кард.

Роҳбарияти кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Истиқлол гуфтанд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2019 фаъолиятро боз ҳам тақвият бахшида, вазифаҳои ҳизбиро саривақту сифатнок анҷом медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>