Конибодом: маҷлиси ҷамъбастии кумиҷроияи шаҳрӣ

IMG-8f9d85f7d6e6e82b0b9d66c7859fc3ba-V

Аз фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом натиҷагирӣ карда шуд.

Раиси КИ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон аз фаъолияти шашмоҳаи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда, барои фаъолияти минбаъда дар назди ҳизбиён вазифаҳо гузошт.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ нақшаи нимсолаи дуюми кумиҷроияи шаҳрӣ тасдиқ гардида, барои таъсиси 66-умин ташкилоти ибтидоӣ – ТИ “Дӯзанда” қарор қабул карда шуд.

Мушовири Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани фаъолияти ҳизбӣ дастуру супоришҳои роҳбарияти кумиҷроияи вилоятиро расонид.

Ёдгорӣ Фирдавс, муовини Раиси шаҳри Конибодом аз фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрӣ қаноатмандӣ намуд.

Дар ҷаласа чанде аз фаъолони ҳизб – Розия Нурматова, Кибриё Обидова, Каримҷон Ҳусейнзода ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ғафурҷон Баротов доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти кумитаи иҷроия андешаҳояшонро баён карданд.

Аз номи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба аъзои фаъол Тӯлқунбой Деҳқонов медали ҷашнии ҲХДТ супоруда шуд.IMG-e71ab6363c035e8cd7440b22b1c48327-V

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>