Нақши зан бо илм боло меравад

LOGO

Бори нахуст ба ҳайси хидматчии давлатӣ ва намояндаи бонувони Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ дар маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар нимсолаи аввали соли равон иштирок намудам.

Собиқаи ҳизбии ман зиёд нест ва соли аввал аст, ки ба сифати мутахассиси рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти  Рӯдакӣ хидмат менамоям. Бо вуҷуди ин, ман барои худ ҳақиқатеро кашф намудам, ки маҳз бо роҳбарию раҳнамоии ҳизбе, ки ба он  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарваранд, Тоҷикистон ба сатҳе расид, ки имрӯз қарор дорад.

Ман  таваҷҷӯҳи аҳли толорро ба масъалаҳое ҷалб кардам, ки бо онҳо ҳамарӯза машғул мешавам.  Маълум аст, ки боло бурдани нақши занон дар ҷомеа, пешгирии хушунат дар оила, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон аз масъалаҳое аст, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳизб низ ҷойгоҳи хоса доранд. Ба ҳамин хотир, ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ низ давоми нимсола дар ин самт як қатор корҳоро ба ҷо овард.

Бо вуҷуди ин, наметавон аз ҳодисаҳои нохуше чашм пӯшид, ки давоми нимсолаи гузашта дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳот бо бонувон рӯй доданд. Албатта, ба онҳо мақомоти дахлдор баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд, вале онҳо баёнгару баҳои кори мо бо бонувон низ ҳастанд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки хушунат дар оила, ки боиси бадбахтиҳо низ шуда метавонад, ба сатҳи таҳсилоти духтарону занон тавъам аст. Ҷое хушунат бештар ба чашм мерасад, ки он ҷо сатҳи таҳсилоту маърифати умумӣ ва оиладорӣ поин аст.

Айни замон бештар аз нисфи аҳолии ҷамоати деҳоти моро занон ташкил медиҳанд, вале тавозуни сатҳи таҳсилот байни занон ва мардон ба куллӣ фарқ мекунад. Яъне, шумораи занони таҳсилдида нисбати мардон ба маротиб кам аст. Масалан, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52, ки ман он ҷо чанд соат дарс ҳам мегӯям, аз 17 нафар омӯзгорон танҳо мо ду нафар зан ҳастем.

Барои ислоҳи ин чӣ бояд кард? Ба назари ман мо якҷо бо шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроия ва шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолзанони ҷамоатҳои деҳот сатҳи таҳсилоти духтарону занонро дар ҳар деҳа муайян намоем ва сабабҳои аслии аз таҳсил дар зинаи сеюм, коллеҷу донишкадаҳо дур мондани онҳоро омӯзем ва дар ин замина барои бартараф намудани омилу монеаҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои амалӣ андешем, барои дар оянда ҳал намудани ин мушкилот замина мегузорем. Тадбири дигар кор бо занони хонанишин бевосита дар маҳалли зист аст. Ҳоло бошад, дар аксари ҷамъомадҳо ҳамон як чеҳраҳои маълуми фаъолзанонро мебинем ва занони деҳоти ба истилоҳ ғайрифаъол аз назарҳо дур мемонанд.

Шояд эрод мегиред, ки ман бо собиқаи андаки ҳизбӣ ин пешниҳодҳоро арза медорам, ба фармудаи Пешвои миллат, раиси муаззами ҳизбамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзу ояндаи ҷомеа ба мо – ҷавонон,  вобаста аст ва маҳз мо бояд монеаҳои сари роҳамонро бартараф намоем.

Хушбахтона, имсол аз хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳот беш аз 400 нафар духтарон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд ва ин моро ба тағйир хурдани вазъият умедвор менамояд.

                                              Наврӯза НАЗИРОВА,

                                 мутахассиси рушди иҷтимоӣ

                                  ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати   

                                   деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент,

узви ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>