Натиҷагириву таҳлили фаъолияти нимсола

1

Дар маҷлиси васеи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҳафт масъаларо баррасӣ карданд. Дар он баробари натиҷагириву таҳлили фаъолияти шашмоҳа самтҳои фаъолиятро барои нимсолаи дуюм муайян намуданд. 

Дар маҷлиси ҳизбӣ намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов ва Мадализода Илҳом, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Баъди вазифагузориҳо, дар фароварди маҷлис ба даҳ нафар, ки ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамзамон, ба як қатор фаъолон барои хизматҳои шоён ва амалӣ гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ, саҳми арзанда дар баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳрӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>