Дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ

LOGO

Ҳизби мо, ки имсол 25 — солагии таъсисашро таҷлил менамоем, ба таъкиди Раиси мӯҳтарами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ, бунёди ҷомеаи мутамаддин, эъмори давлатдории навини тоҷикон саҳми босазо гузорад. Ҳамчун яке аз котибони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо камоли масъулият изҳор медорам, ки ҳизби мо имрӯз аз ниҳодҳои муқтадири тарғиботӣ ва сафарбаркунандаи мардум ба корҳои созандагӣ, мубориза бо афкори зиёновар дар ҷомеа аст.

Ташкилои ибтидоии ҳизбии  ҷамоати деҳоти мо якҷо бо сокинон дар роҳандозии ин нақшаҳои бунёдкорӣ саҳми арзанда мегузорад. Ҳоло бо раҳнамоии ҳизбиён дар ҳама деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳот корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дорад. Бунёди вазишгоҳ  ва чоҳҳои амудӣ дар деҳаҳои Сӯфиён , Кабудсанг,  Хамиртеппа ,маркази саломатӣ дар деҳаи  Шӯрчаи хурд  ва дигар корҳои ободонӣ,ки то кунун ба иҷро расиданд, аз ҷумлаи тарҳҳоеанд, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар амалӣ шудаанд  Дар маҷмӯъ ба ин муносибат,  5500-солагии бостоншаҳри Саразм ва дар доираи барномаи Солҳои рушди деҳот,сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳот бунёди13 иншооти  таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз  7-тои он мавриди истифода қарор дода шуданд.  Ҳоло сохтмони марказҳои саломатӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ, ҳаммому сартарошхона дар  деҳаҳо идома доранд ва то ҷашни Истиқлолияти кишвар мавриди истифода қарор мегиранд.

Муҳимтар аз ин соҳибкорон, сокинони деҳот барои ободии маҳалли зисти худ иқдом гирифтаанд ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои тарғибу пайравӣ ба ин ташаббусҳо корҳои тарғиботиро вусъат додааст. Ҳоло номи соҳибкорон Муҳаббат Ғаффорова, Бобоҷон Насимов,  Сайрам Холова, Фарҳод Норматов, Облоқул Ойматов, Бооҷон Бадалов,ки ба истиқболи ин санаи муборак барои ободонӣ ва бунёди иншооти гуногуни маишӣ саҳм мегиранд, вирди забони сокинони ҷамоати деҳот аст.

Чанд рӯз пеш  бо дастгирии  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷалби ҳунармандони  ҷамоати деҳот дар доираи барномаи Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш- озмуни ҳунарҳои мардумиро доир намудем, ки дар он даҳҳо нафар  иштирок намуда, бо тӯҳфа ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроия  қадршиносӣ карда шуданд. Чунин чорабиниҳо бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар деҳаҳо  ба хотири рушди ҳунармандӣ ва ҳунаромӯзии бонувон  тибқи нақша бо навбат баргузор мешаванд.  

   Нақши ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар тарбияи маънавӣ,ватандӯстии ҷавонон, ба мардум фаҳмонидани ниятҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ки дастовардҳои Тоҷикистони азиз ба чашмашон чун хор мехалад, низ назаррас аст. Аз ин ҷост,ки ҷавонони мо бо амри дил ба хидмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд, дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок менамоянд, аз рафтору амали ношоиста парҳез мекунанд. Хуллас, Ватани мо тӯли солҳои истиқлолият, ки назди таърих муддати мадиде нест,  бо раҳнамоии Пешвои муаззами миллат ва сарвари ҳизбамон ба масал ҷавони таҳамтанеро мемонад, ки барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва инсонӣ талош дорад.

                                                                       Эркин Тӯхтаев,                    

                      раиси ҷамоати деҳоти  Халифа Ҳасани шаҳри Паҷакент  

раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>