Экстремизм ва терроризм — падидаҳои номатлуби ҷомеа

LOGO

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан, байни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият ба ҳисоб меравад. Рисолати падару модар, омӯзгор ва ҷомеа аз он иборат аст, ки дар ин давраи хеле ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ аз вазъи равонию иқтисодии  наврасону ҷавонон ҳамеша воқиф бошанд. Хотиррасон кардан бамаврид аст, ки тарбияи фарди солим маҳз дар айёми ҷавонӣ самара медиҳад.

Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, тамоми мардуми ҷомеа бояд бар зидди ин зуҳурот мубориза баранд ва ба тарбияи ҷавонон, алалхусус фарзандону наберагони худ машғул бошанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ва манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар рӯ ба рӯи ин хатари байналмилалӣ тақозо менамояд.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамлакатҳои хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё карда шуд, то ки онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона шомил нашаванд.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.  Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон — дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси одамӣ (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ).

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст — ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати духӯра, дурӯя, меъёру стандартҳои мувофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Хулоса, имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ он нафароне дохил мешаванд, ки дониш надоранд, саводи динӣ надоранд ва бекор ҳастанд. Агар инсон бекор монад ба ҳар гуна корҳо даст мезанад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналхалқии бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамкорӣ менамояд. Имрӯз мо мардуми тоҷик низ  зидди ҳама гуна зуҳуротҳои номатлуб аз қабили терроризму эктремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар гуруҳҳои ифротӣ  мубориза бурда амалҳои ваҳшиёнаю разилонаи онҳоро маҳкум менамоем.

Мо, мардуми шарафманди тоҷик дар остонаи санаи муҳими таърихӣ, яъне  ҷашни мубораки 30 — солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорем.   Бо дастовезҳои муносиб  истиқбол кардани  ин ҷашни бошукӯҳ маромномаи ҳар яки мост. Мо ба ояндаи  дурахшони Ватани азиз боварии қавӣ дорем  ва баҳри  дар амал татбиқ кардани дастуру супориш ва  ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ   мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо меҳнати софдилона ва садоқати бепоён ҷиддан  талош меварзем.

 

Хамида Юсуфова

мутахассиси шуъбаи ташкилии  КИ ХХДТ

дар шахри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>