Тарғиби фарҳанги миллӣ

2(4)

Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов вохӯрӣ гузаронида шуд. Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, рушди анъанаҳои миллӣ аа пешгирии гароиш ба фарҳанги ғайр аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буд.

Зикр гардид, ки анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ василаи муҳими муаррифии миллат буда, эҳёи он ҷиҳати пешрафти кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ нақши муассир дорад.

Аз иштирокчиёни мулоқот даъват карда шуд, ки фарҳанги миллӣ ва анаъанаҳои сирф тоҷиконаро эҳтиром намуда, дар мубориза ба зуҳуроти номатлуби бегонапарастӣ бетараф набошанд.

Чунин мулоқот дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ идома дорад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>