Спитамен: иҷрои нақшаи обуна аз ҷониби 42 ташкилот

Ì

Яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Куруш бо роҳбарии фаъоли ҲХДТ Мухтор Умаров аз байни дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аввалин шуда, нақшаи обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”-ро иҷро намуд.

То ин дам 42 корхонаву ташкилотҳои ноҳияи Спитамен, аз қабили шӯъбаи маорифи ноҳия, ҶДММ “Бунёдкори Нов”, “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ҶСК КМС ва АИО “Аҳмадалиев” ва дигар ташкилоту муассисаҳо нақшаро пеш аз мӯҳлат иҷро намудаанд.

Бо ин дар ноҳия нақшаи обуна беш аз 60 % таъмин гардида, ҳизбиён тасмим дорад, то 15 августи соли ҷорӣ нақшаро пурра иҷро намоянд.

Дар ноҳияи Спитамен дар натиҷаи бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ аз ҷониби кормандони кумитаи иҷроия ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия раванди маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” вусъати тоза гирифтааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>