Пойдории истиқлолият омили саодатмандиҳост

Рудаки

Дар мулоқоте, ки бо сокинони Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, бештар дар мавзӯи ҳифзи истиқлолият, пойдории ваҳдати миллӣ ҳарф заданд.

Дар ин мулоқот Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок карда, ҳифзу пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагиро омили асосии рушду нумӯи миллат ва саодатмандии халқ арзёбӣ кард.

Дар мулоқот муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибиистиқлолӣ ва саҳми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гул-гулшукуфии Тоҷикистони навин таъкид гардид.

Мулоқот бо сокинони ин ҷамоати деҳот озоду самимӣ доир шуда, мардум низ вобаста ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳояшонро баён карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>