Солимии ҷомеа — омили рушди давлат

DSC_5650

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо кормандони маркази саломатии деҳаи Ашт вохӯрӣ баргузор гардид. Нақши ҲХДТ дар рушди соҳаи тандурустӣ ва таъмини солимии ҷомеа мавзӯи меҳварии мулоқот маҳсуб мешуд.

Намояндагони кумиҷроияи ноҳия оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки солимии ҷомеа аз сатҳи хизматрасонии табибон вобаста буда, рушди соҳаи тиб аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад.

Аз намояндагони соҳаи тиб даъват карда шуд, ки рисолати касбии худро дар сатҳи баланд иҷро намуда, ҷиҳати расонидани кӯмаки аввалияи тиббии ройгон, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад,  корбариро тақвият бахшанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>