Тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ

Тӯйғун Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо ҷавондухтарони Ҷамоати деҳоти Равшан мулоқот намуд. Риоя намудани фарҳанги либоспӯшии миллӣ мавзӯи меҳварии ин вохӯрӣ маҳсуб мешуд.
Гуфта шуд, ки либоси миллӣ ҳамчун арзиши фарҳангӣ муаррифгари таъриху тамаддуни миллат буда, риоя ва тарғиби он масъулияти занону духтарон маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ҳини ин мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷавондухтарон даъват ба амал оварда шуд, ки илму дониш омӯхта, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузоранд.
Добавить комментарий