«Рисолати созандагии бонувони ҳизбӣ бо иқдомҳои наву муосир»

1(3)

Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки занони фаъоли ҳизбӣ муколама доир шуд. Заррина Маннонова, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳр перомуни нақши занон дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ ва маънавии кишвар суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки масоили марбут ба ҳаёти занону бонувон дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, бо дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа пайваста иқдомҳои шоиста роҳандозӣ мешавад.

«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолияти занону бонувон тадбирҳои судманд амалӣ мекунад. Занон ҳамчун нерӯи пешбар дар амалӣ сохтани ҳадафҳои ҲХДТ саҳми бузург дошта, наздик  220 ҳазор  нафар аъзои ҳизбро занони фаъолу соҳибтаҷриба ташкил медиҳанд» — таъкид намуд Ӯғулой Умаралиева, муовини раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроия.

Аз иштирокчиёни мулоқот даъват карда шуд, ки аз имконият ва шароити мавҷуда самаранок истифода бурда, барои пешравии ҷомеа саҳим бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>