Мулоқот бо кормандони ҳизбӣ

DSC_6179

Аминҷон Шарифзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилояти Суғд бо кормандони кумиҷроияи ноҳияи Ашт мулоқот намуд. Тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳизбӣ дар самти омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ “Интихобот — 2020”, зиёд намудани сафи аъзо, вусъат бахшидан ба раванди маъракаи обунав а мубориза бо зуҳуроти номатлуб аз мавзуъҳои меҳварии ин  мулоқот маҳсуб мешуд.

Гуфта шуд, ки ҲХДТ зодаи замони истиқлол буда, дар ҳифзу пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар нақши бузург дорад. “ҲХДТ ҳамчун иқтидори бузурги сиёсӣ имрӯз беш аз 500 ҳазор нафар ашхоси фаъолу арзандаро сарҷамъ намудааст, ки ҳар яке дар пешрафти кишвар ва некӯаҳволии халқ саҳмгузор мебошанд” — таъкид намуд Аминҷон Шарифзода.

Ҳамзамон, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ ва ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ ба кормандони ҳизб маслиҳатҳои муфид дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>