КИВ ҲХДТ: хониши сиёсии навбатӣ доир гардид

IMG_2362.jpg55

Имрӯз, санаи 31 – уми июли соли 2019 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хониши сиёсии навбатӣ доир шуд. Мӯҳтавои асосии воситаҳои чопӣ ва электронии ахбори  оммаи кишвар давоми ҳафтаи равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мутриба Бобоҷонова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумиҷроияи вилоятӣ перомуни муҳимтарин мавзӯъҳои матбуоти даврӣ маълумот дод.

Таъкид гардид, ки давоми ҳафтаи равон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сархати воситаҳои хабарӣ қарор дошт. Гуфта шуд, ки дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили ҳамкориҳо миёни ду кишвар баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ гуфтушунунид доир гардид.

«Мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти таърихӣ дошта, ҷиҳати таъмини оромӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ду кишвар таъсири мусбат дорад» — таъкид шуд дар хониши сиёсӣ.

Ҳамзамон, ҷамъбастаи фаъолияти шашмоҳаи мақомотҳои давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими воситаҳои ахбори оммаи кишвар давоми ҳафтаи равон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ ва вусъат додани раванди омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ дастурҳои мушаххас дод.

Аз кормандони ҳизб даъват карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани дониши сиёсии худ корбарӣ намуда, дар муборизаи иттилоотӣ бо ахбори дохилу хориҷи кишвар мусаллаҳ бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>