Ҳизбиёни Хуҷанд дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ

Кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои истироҳат ба деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ рафта, аз шароити зисту зиндагӣ ва ҳаёти ҳунармандони деҳаи мазкур ошноӣ пайдо карданд.
Зимни ошноӣ аз рӯзгори ободи бошандагони ин деҳа меҳмонон аз он хушнуд шуданд, ки ин ҷо ҳунарҳои дастӣ, аз қабили қолинбофӣ, кешбофӣ, кӯрпачадӯзӣ ва ресмонресӣ рушд карда, беҳбудии зиндагии мардумро таъмин кардааст.
Сокинон, махсусан ҳуранмандон аз иқдоми Пешвои миллат дар мавриди эълон намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2020) хеле мамнунанд ва баҳри рушди ҳунармандӣ ва ободии деҳаи худ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Добавить комментарий