МУТАҲИДИИ ҶАВОНОН – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШД

изображение_viber_2019-07-08_08-54-04

Дар вилояти Иркутски Федератсияи Русия Форуми байналмилалии ҷавонон “Байкал — 2019” доир шуд. Форуми мазкур аз санаи 25 — уми июн то 1- уми июли соли равон идома карда, 550 нафар ҷавононро аз 13 кишвар ба ҳам овард. Ин навбат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Форум мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов намояндагӣ ва муаррифӣ намуд.

Самараи иқдомот ва дастгирии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз  ҷавонони тоҷик бо азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои баланд бардоштани нуфузи кишвар саъй мекунанд. Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон гардида,  имрӯз ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон шароити арзанда ва мусоид фароҳам аст.

Шарофати истиқлолият аст, ки дар шароити кунунӣ имкониятҳои ҷавонон торафт васеъ шуда, намояндагони ин қишри созанда дар чорабиниҳои сатҳи байналмилал Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Форуми байналмилалии ҷавонон “Байкал”, ки  давоми даҳ сол инҷониб баргузор мегардад, ҷиҳати баланд бардоштани дониши сиёсӣ, маърифати фарҳангӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи огоҳии ҷавонон аз сиёсати кунунии ҷаҳон имконияти хуб маҳсуб мешавад.

Имсол Форуми мазкур давоми ҳафт рӯз дар сатҳи баланд доир шуд ва он тавонист ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ ва ҳамкории ҷавонони миллатҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам орад. Дар кори Форум аз давлатҳои Австралия, Австрия, Ветнам, Қазоқистон, Малдова, Муғулистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии  мардумии Хитой, Полша, Арманистон, Чечинистон, Доғистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Республикаи Белорус, Украина, Полша 550 нафар ҷавонон иштирок намуда, урфу одат ва анъанаҳои миллии худро муаррифӣ намуданд.

Маълум аст, ки омили муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ин муаррифии оқилонаи анъанаҳои миллӣ ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар маҳсуб меёбад. Ин чорабинии байналмилалӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар доираи эълон шудани солҳои 2019 — 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имконияти хуб фароҳам овард. Дар ин замина мо тавонистем дар натиҷаи муаррифӣ ва муколамаву мубодила таваҷҷуҳи ҷавонони миллатҳои гуногунро ба Тоҷикистон боз ҳам афзун намуда,  ҷиҳати ҷалби сайёҳон иқдом карда бошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки  бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушду пешрафти он ба иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста мебошад. Ин аст, ки иштироки ҷавонони тоҷик дар чорабиниҳои сатҳи байналмилал ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши ин нерӯи созанда, васеъ гардонидани ҷаҳонбинии кадрҳои ҷавон, беҳтар гардонидани сатҳи огоҳии мутахассисон аз сиёсати муосири ҷаҳон омили муҳими пешрафти кишвар дониста мешавад.

Раванди ҷаҳонишавии муосир тақозо мекунад, ки ҷавонон ҳамчун иқтидори воқеии пешрафти миллату давлат  беш аз пеш  фаъолнокӣ зоҳир намуда,  бо ташаббус ва ғояҳои созанда дар рушди Тоҷикистон ва муаррифи кишвар дар арсаи ҷаҳон талош намоянд.

Дар кори Форум барои ҷавонон имкон фароҳам омад, ки ғоя ва лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуда, оид ба рафъи мушкилоти глобалӣ андешаҳои худро иброз намоянд. Форум дар шаш шӯъба — «Илм ва технологияи муосир», «Медиа — ВАО», «Сиёсат», «Маърифати экологӣ», «Ихтиёрӣ» ва «Муколамаи фарҳангҳо» доир гардида, аз ҷониби ҷавонон оид ба масъалаҳои мубрами вазъи муосири ҷаҳон маърӯзаҳои илмӣ ва пешниҳодоти ҷолиб шунида шуд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни кори Форум мо, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистем кишвари азизамонро дар сатҳи шоиста муаррифӣ намуда, перомуни нақши сиёсати ҷавонон дар фаъолияти Ҳукумати кишвар баромад намоем. Давоми кори Форум оид ба ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дастгирии ҷавонон, имкониятҳои муосири ҷавонони тоҷик, нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба иштирокчиёни Форум маълумот дода шуд.

Маълум аст, ки шароити муосири ҷаҳонишавӣ аҳамияти масоили ҳамкорӣ ва равобит бо кишварҳои мухталифро дучанд намудааст. Сиёсати “дарҳои кушода” чун меҳвари аслии муносибат бо ҷаҳони муосир имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои дунё муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барқарор намояд. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ самараи ин сиёсати оқилона маҳсуб меёбад. Ҳамакнун дар натиҷаи ин сиёсат ҳамкориҳои судманди ҷавонони тоҷик бо намояндагони миллатҳои гуногун торафт вусъат меёбад.

Дар доираи Форуми байналмилалии ҷавонон “Байкал — 2019”  550 нафар ҷавонони кишварҳои гуногун бо ҳам мубодилаи афкор ва таҷриба намуда, масъалаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва нақшаҳои равобити судмандро баррасӣ  намуданд.

Маълум аст, ки масоили марбут ба ҳаёти ҷавонон дар меҳвари фаъолияти  Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати дастгирии ин қишри ояндасоз пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни давлатҳои ИДМ аввалин мамлакате ба шумор меравад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро таҳия ва қабул намудааст. Ин нишонаи он аст, ки Ҳукумати кишвар аз оғоз дар симои насли ҷавон такягоҳи боэътимод ва ояндаи давлату миллатро мебинад ва ба нерӯву иқтидори ин қишри ояндасоз боварӣ зоҳир менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафу барномаҳояш бо Ҳукумати кишвар тавъам аст, сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ дониста, баҳри ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон иқдомҳои шоиста роҳандозӣ мекунад. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ки бо ибтикори ҲХДТ давоми 8 сол инҷониб фаъолият дорад, аз ташаббусҳои олии ин ҳизби мардумӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон маҳсуб меёбад. Имрӯз Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҷавонони фаъоли кишварро муттаҳид сохтааст, ки ҳар яке дар эъмори ҷомеаи адолатпарвар, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, такягоҳи боэътимод ва ояндаи давлату миллат ном мегиранд ва дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим саҳми ин қишри ояндабунёди ҷомеаро муаассир унвон мекунад. Имрӯз ҷавонон ҳамчун нерўи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу байналмилалӣ беш аз пештара фаъолона иштирок мекунанд. Ин нишонаи он аст, ки насли нави даврони истиқлолият соҳиби нерўи фавқулода ва истеъдоду қобилияти баланди ташкилотчигӣ доранд. Бино ба таъкиди Пешвои муаззами миллат «ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».

Раванди муосир тақозо дорад, ки имрӯз ҷавонон бо дониши амиқ ва ҷаҳонбинии муосир мусаллаҳ бошанд, донишҳои сиёсии худро такмил диҳанд ва аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, тамаддуну фарҳанги миллии халқи тоҷикро дар чорабиниҳои сатҳи байналмилал муаррифӣ намоянд. Зеро, ҷавонон дар дигаргунсозиҳои чомеаи навин, муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақши шоиста доранд.

 

 

Фирдавсхон САИДОВ,

   мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

      КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>