Ба озмуни «Деҳаи ман» АЗ НЕКОН БОҒ

20190704_190058

Ба деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент кайҳо боз нарафта будам. Рӯзе яке аз дӯстонам мошин фиристод, ки ба хонааш равам. Ман ҳамроҳи  Ҳоҷӣ Олим ба сӯи деҳаи Чорбоғ равон шудам. Ҳангоми сафар ӯ бо роҳи деҳаи Новичомоқ ба сӯйи Чорбоғ равон шуд. Аз ӯ сабаб пурсидам. Гуфт:
—  Роҳи деҳаи мо дар таъмир аст. Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ ният дорад 1200 метр роҳро мумфарш кунад. Ба ҳамин ният ӯ 76 мошин қуми бехта ва 50 тонна битум(қир)-ро дар роҳ рехтааст. Аз ин сабаб мо муваққатан бо ин роҳ ба деҳа меравем.

Чун вориди деҳа шудем, мушоҳида кардам, ки дар болои сои селгузар, ки хеле даҳшатнок буд, кӯпруки замонавие сохта шудааст. Медонистам, ки мардуми деҳа ҳангоми боду борон ғайрати ба ин сой қадам гузоштан надоштанд.

Гуфтам:- Хайрият, кӯпрук бино кардаед.
Ҳоҷӣ Олим гуфт:
—Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ ва фарзандонаш дар роҳи хайр ин кӯпрукро бино карданд.
Аз кӯпрук гузаштему каме роҳ рафтем. Ҳавзи моҳипарварие бо моҳиҳои намуди аълои гулмоҳӣ намудор гардид.

Гуфтам: —Ана, инро рушди деҳот мегӯянд. Ин деҳа хеле обод шудааст.
Ҳоҷӣ Олим гуфт:
—Худо умри Ҳоҷӣ Муҳаммадиро дароз кунад.
Бо туфайли заҳматҳои ӯ мо мазаи гулмоҳиро ҳам чашидем.
Каме дафтари хотираамро ақиб гардондам. Муҳаммадӣ Амиров ронандаи оддии колхоз буд. Вале ҳамеша сертараддуд ва меҳнаткаш намудор мешуд. Чанд сол пеш ба коре ба қисмати поёнии деҳаи Чорбоғ рафта будам. Мушоҳида кардам, ки касе бо ду сатил аз дарё об гирифта ба ҷониби теппаҳое, ки хеле душворгузар аст по мемонад. Чун наздик шудам Муҳаммадиро шинохтам.
Салом додам. Баъд аз ҷавоби салом гуфт:
—Мехоҳам дар ин ҷо боғе бунёд кунам, то баъди ман аз ман чун ёдгор барои ояндагон монад.
Имрӯз боғи ӯ бо воситаи нассос обёрӣ мешавад ва се гектар заминро дарбар мегирад. Дар ин боғ ҳазорҳо дарахтони себу олу, шафтолую зардолу, чормағзу олуча ва ғйраҳо кайҳо ба бор даромадаанд ва раҳгузарону мардуми деҳа аз меваҳои болаззати онҳо даҳон ширин мекунанд.
Аз Ҳоҷӣ Олим пурсидам:

—Як Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ чӣ тарз ин қадар корҳоро сомон дод?
Ҳоҷӣ Олим гуфт:
— Ин ҳоло муште аз хирвор аст. Агар хоҳӣ ман туро ба дигар корҳои ӯ ошно месозам ва баъди он дар ошхонааш тамъи гулмоҳиро мечашем.
Камтари дигар роҳ рафтем. Бинои бошукуҳи дуошёнае аз пешамон баромад. Гуфтам ин бино кай сохта шуд?
Гуфт:
— Ин селроҳаро Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ ба гулистон табдил дод. Ошёнаи якуми ин бино тӯйхонааст бо ғунҷоиши 150 нафар. Ошёнаи дуюми бино толори варзишист. Ҷавонони мо бо кӯшиши Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ ва фарзандонаш вақти холӣ намеёбанд, ки беҳудагардӣ кунанд.
Каме дуртар коргарон дар бинои нимасохте кор мекарданд. Аз Ҳоҷӣ Олим пурсидам:
— Ин бино аз они кист ва ба кадом ният бино шуда истодааст?
Гуфт:
—Ошёнаи якум ба нияти дӯконҳо ва дар ошёнаи дуюм бо ғунҷоиши 120 нафар боғчаи кӯдакон таъсис дода мешавад. Боғча то охири сол ба кор дароварда мешавад. Ин иморатро низ Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ бунёд карда истодааст.
Ҳангоми сафар ба шаҳри Хӯқанд чашмам ба майдонҳое афтода буд, ки барои футболи хурд омода кардаанд, вале то имрӯз онро дар Тоҷикистон надида будам. Ногоҳ чашмам ба ин гуна майдон афтод, ки гурӯҳи ҷавонони аз ҳамсоядеҳаҳо Филмандару Косатарош футболбозӣ мекарданд.
Ба Ҳоҷӣ Олим гуфтам:
—Қанд занед. Деҳа соҳиби майдони футбол ҳам гаштааст.
Ӯ гуфт:
—Инро ҳам Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ сохтааст. Барои бозӣ мо навбат мепоем. Навбати мо имшаб соати ду мерасад, вале шавқи бозӣ моро ба ин ҷо меорад. Ошхонаи замонавӣ дар соҳили дарё, меҳмонхонаи барҳаво дар соҳил низ аз корҳои мондагори ин инсони наҷиб мебошад.
Ҳисси кунҷковӣ маро бо Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ рӯ ба рӯ кард.
Дар чеҳраи ӯ ғурур мушоҳида намешуд. Инсони заминӣ ва хоксор аст.
Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ дар яке аз сафарҳояш ба Маккаи мукаррама духтари 32-солаи худ Наргисаро аз даст дод ва он лаҳза аҳд намуд, ки тамоми умрашро сарфи корҳои нек кунад, то рӯҳи фарзанди ҷавонмаргаш аз ӯ розӣ бошад. Боғчаи бачагонро низ ба хотираи ӯ сохтанист, то номи фарзанди хеш Наргисаро ба он диҳад.
Агарчанде ки соли ӯ ба 68 расидааст, вале хеле ҷавон метобад. Аз чеҳраи ӯ нури инсонӣ метаровад.
Ӯ шахси бодавлатест, ки фарзандони баркамолаш Ғаффуралӣ, Шокир, Ҳасан, Ҳусейн, Тоҳир, Зоҳир, Нодира, Сумая  ва духтарчаи хурдсолаш Омина пайваста дар паҳлӯяш мебошанд. Боре нашудаст, ки ягон фарзандаш аз амри ӯ рух тофта бошад. Ба қарибӣ дар сафари охиринашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми боз кардани иншооти сеошёнаи ҷашнии сохтаи ин хонавода, ки ошёнааи якумаш маркази савдо, ошёнаи дуюм қаҳвахона ва ошёнаи сеюми бино меҳмонхона барои панҷоҳ ҷой аст, аз фарзанди ҳоҷӣ Тоҳир пурсиданд:
— Асли ту аз куҷост?
— Ӯ гуфт:
— Панҷакент.
Гуфтанд:
— Ҷашни 5500-солагии Саразм наздик аст. Кӯшиш кун, ки Панҷакентро обод кунӣ.
Ин суханони ӯ хоҳиши созандагии аҳли оиларо боз ҳам афзунтар намуд.
Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ ва фарзандонаш танҳо аз заминҳои партов ва корношоям истифода мебаранд. То имрӯз онҳо як сотих замини корам, ё обиро ба эҳтиёҷи худ истифода набурдаанд.
Онҳо дар маҳаллаи Навбунёди деҳа нуқтаи сӯзишворидиҳӣ ва нуқтаи мошиншӯи ташкил ксрдаанд, ки бо сабаби дар шоҳроҳ ҷой гирифтани онҳо садҳо ксс аз хизматашон истифода мебарад.
Инчунин дар рӯи канал (оби канал аз зери бино мегузарад ва ҳамасола бо қувваи худ каналро тоза мекунанд) бозори масолеҳи сохтмонӣ, нонвойхона ва самбӯсахонаеро ба истифода додаанд, ки аз онҳо на танҳо чорбоғиён, балки аҳолии деҳоти гирду атроф ва роҳгузарон ҳам ба таври васеъ истифода мебаранд. Нарху наво дар бозори масолеҳи сохтмонӣ дастраси умум аст.
Ба қарибӣ Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ ва фарзандонаш сад сар гови зотӣ ва мурғу бедона хариданд, то ки фермаҳои махсус ташкил намоянд.
Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ ва фарзандонаш ният доранд, ки то ҷашни 5500-солагии Саразм ва 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як ҳавзи моҳипарварии нав ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шириро ба роҳ монанд.
Инчунин дар ҳолати аз тарафи Ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷудо шудани замин дар маҳаллаи нави деҳа, ки маҳаллаи ферма мегӯяндаш ва кӯдакони зиёд аз сабаби дурии роҳи мактаб азоб мекашанд, ба сохтмони мактаби замонавӣ барои панҷсад нафар хонанда саҳм гузоштаниянд ва ин мактабро дар муддати кӯтоҳ сохтаниянд.
Нақшаҳои Ҳоҷӣ Муҳамадӣ ҷолибанд ва онҳо бояд ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд.

ИСМОИЛ ЗАРИФӢ,

рӯзноманигор ва шоир,

барандаи Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>