ҲИКМАТИ САД АСР ДАР ХОКИ САРАЗМ

IMG_1656

Ба ин куҳандиёр зиёд сафар намудаам,  кӯдакию наврасиам ин ҷо гузаштааст, аз Саразму Панҷакенти қадим борҳо боздид кардаю ба зиёрати оромгоҳи одаммушшуаро, устод Рӯдакӣ мушарраф шудаам. Вале ин сафар бо раҳнамоии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлуба Амонзода , кормандони масъули дастгоҳи вилоятии ҳизб, раисони кумиҷроияҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят маънию мӯҳтавои тоза дошт.

Рӯ ба хуршед

    Субҳи барвақти рӯзи 27 июл мо ҳамсафарон ҷониби шаҳри диданию орзуҳо- Панҷакенти бостонӣ, роҳ пеш гирифтем ва ин сафарҳои қаблиро ба водии Зарафшон, хоса дар фасли сармо ёдам овард. Яке аз ҳамсафарон ба хотир овард,  ки чи гуна ду шабро дар қаҳратуни зимистон дохили мошини кироя дар ағбаи  Шаҳристон бо чӣ азобҳо рӯз карда буд. Ҳоло бошад мошини мо пеш мерафту   мафтуни тамошои манзараҳои атроф чи тавр аз нақби Шаҳристон гузаштанамонро нафаҳмида мондем. Воқеан, аз ин нақб бори нахуст дар маросими ифтитоҳаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, раиси муаззами  ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон убур карда буданд.

Раҳораҳ аз ободиҳое, ки ду тарафи ҷода ба чашм мерасид, ба ҳам мегуфтему шарҳу тафсир мекардем.  Ноҳияи  Айнӣ,ки дар назари аввал саросар сангистон аст, ҳоло ба яке аз марказҳои калони истихроҷу коркарди ангишт, тилло,сурма ва дигар маъодини мамлакат  табдил ёфтааст. Ба таъкиди геологҳо,ки беш аз шаст сол боз ба ҷустуҷӯ машғуланд, зери ин  кӯҳҳо даҳҳо конҳо нуҳуфтаанд ва ҳоло Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба истифодаи онҳо пардохтааст. Ба ибораи маъмулӣ ояндаи ин куҳистон дурахшон аст ва бо раҳнамоии Пешвои миллат он рӯ ба хуршед, ба ободӣ ниҳодааст.

Ин ҷо андешаи дигар аз дилам гузашт: нашавад,ки рушди саноати кӯҳкорӣ парвариши боғҳои зардолуро, ки мардуми кӯҳистонро дар солҳои қаҳтӣ сипар шуда буд ва имрӯз низ метавонад  барои деҳқонон манбаи хуби даромад бошад, аз назарҳо дур монад.

                                           Дуруд, эй марзи муқаддас!

Роҳ моро аз иҳотаи кӯҳҳо ба сӯи водӣ мебарад. Аз деҳаҳои сарироҳии Панҷакент убур мекунем. Ёдам меояд, дар деҳаи Дашти қозӣ бостоншиноси номвар,нахустмуҳаққиқи Саразм. зиндаёд Абдуллоҷон  Исҳоқӣ қабреро дарёфт карда буд, ки қариб ҳамсоли Саразм аст, дар рустои  Навобод бошад академик   Юсуфшоҳ Ёқубов мавзееро, ки аз қадимзамон мардум Наврӯзтеппааш мехонанд ва он ҷо то ҳанӯз Наврӯзро таҷлил мекунанд, таҳқиқ кардааст. Дар дуроҳаи деҳаи Рукнобод лавҳаи сари роҳ ҷониби зодгоҳи саромади назми форсӣ- тоҷикӣ, устод Рӯдакӣ, дар шаҳраки Ғӯсар сӯи зодгоҳи устоди зиндаёд Лоиқ- деҳаи Мазори шариф, ҳидоят мекунад.

Ибтидои ман деҳи хурди Мазор,

Интиҳои ман ҷаҳони беканор,

-         мехонем ин байтро дар ин лавҳа бо акси шоир.

Дар деҳаи Сӯҷина, ки сари роҳ, дар соҳили Моғиёндарёю Зарафшон воқеъ аст, олимон қалъаи Санҷаршоҳ- ёдгории асрҳои 5-7-ро таҳқиқ менамоянд ва он ҷо бори нахуст либоси аз пашм бофтаи кӯдакона дар шакли пурра дарёфт шудааст. Яъне то ба каъбаи мурод- бостоншаҳри Саразм расидан, аз назди даҳҳо ёдгориҳое убур менамоем, ки саҳафоти таърихи миллати моро бозгӯ менамоянд.

Дар мавзеи Қавола- даромадгоҳи шаҳри Панҷакент, ҳайати ҳизбиёни вилоятро раиси шаҳр Ислом Шафеиён, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, собиқадорони ҳизб, бонувони барӯманди шаҳр, санъаткорон бо дафу карнай,гулдаста, муҳимтар аз ин бо чеҳраи кушоди пуртабассум пешвоз мегиранд.

Раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Матлубахон Сатториён ба онҳо барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос менамояд .

                                            Шаҳри ҳунармандону сайёҳон

     Дар маркази шаҳр аз назди муҷассамаи Шоири Халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ки “дар сари санге ҳама рӯз интизоранд”, мегузарем ва ба толори зебою барҳавои ин қаср, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Кохи Лоиқро гирифтааст, ворид мешавем.

Даромадгоҳи барҳавои Коҳи Лоиқро имрӯз ҳунармандон ва ширкатҳои сайёҳии ин шаҳри куҳанбунёд ба намоишгоҳи бузурге табдил додаанд. Раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Матлубахон Сатториён ва ҳамроҳонаш бо мароқи том аз растаҳои атласу адрас ва қолинбофон, қуроқдӯзон, кулолгарон, рағзабофон, сӯзанию кашидадӯзон, зарбофон, рассомон, хурокҳои миллӣ боздид намуда, аз лавҳаҳои ҳунармандона ороёфта бо акси мавзеъҳои сайёҳӣ бо фаъолияти ширкатҳои сайёҳии шаҳр ошно мешаванд. Ба истиқболи меҳмонон кӯдакон рақси зебо ва гулдухтарон намунаи либосҳои шинами тарроҳони  Панҷакентро намоиш медиҳанд.

Дар толори Кохи Лоиқ, ки бо гулдастаҳои тару тоза, шиору овезаҳо оро ёфта буд ва чор саду панҷоҳ ҷои нишаст дошт, сарварони корхонаю муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, зиёиён, фаъолон, ҷавонон интизори оғози кори ҳамоиши илмӣ- амалӣ буданд.

Воқеан, Наврӯзи соли 2017 Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи ин кох иштирок ҳузур доштанд ва аз  саҳнаи толори он аз сифот ва ҳунари  шоирии устод, мулоқотҳояшон бо ӯ ёд карданд ва ин байтҳои машҳури устодро, ки ҳанӯз соли 1997, баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ суруда буд, қироат намуданд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ ба бар диёри мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ҳикмати Саразм

Конфронси илмӣ- амалиро, ки “Саразм- муаррифгари таърих ва тамаддуни миллати тоҷик” унвон гирифтааст, бахшида ба 5500- солагии бостоншаҳри Саразм ва 25-умин солгарди таъсиси ҲХДТ  кумиҷроияи вилоятии ҳизб созмон додааст.

Меҳмонон ва ҳозиринро ба ин ҳамоиш раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Мурод Шукурзода, муовини раиси шаҳр Парвиз Шодизода хайра мақдам гуфта, таъкид доштанд, ки ташаббуси кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб  ҷиҳати амалӣ намудани иқдомоти наҷибонаи Пешвои миллат ва Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- Солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019-2021, таҷлили 5500- солагии Саразми бостонӣ   ва 25-умин солгарди таъсиси ҲХДТ кори шоиста ва арзанда аст.

Раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Матлубахон Сатториён дар конфронс аз нақшу саҳми  Пешвои миллат дар эҳё намудани давлатдории навини тоҷикон, раванди давлату миллатсозӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарзандони барӯманди миллат ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки маҳз бо дастгирии Сарвари фарҳангсолори миллат бостоншаҳри Саразм чун ёдгории беназир ва маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ дар  Осиёи Марказӣ ҳанӯз соли 2010 ба феҳристи мероси умумибашарии созмони   ЮНЕСКО шомил гардид, мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон шуда, панҷ мавзеи ҳафриётро болпӯш ва ҳудудашро панҷарабандӣ намуданд ва соли оянда 5500-солагиаш дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.

-Ин ва дигар ибтикороти наҷибонаи Пешвои миллат ва раиси муаззами ҳизб ҷиҳати гиромидошти таърихи миллат, пажӯҳиши ёдгориҳои беназири таърихӣ, таҷлили санаҳои муҳими таърихи шаҳрҳои кишвар аз ҷониби ҳизбиён, ташкилотҳои ҳизбӣ, зиёиён, дар маҷмӯъ кулли мардум дастгирӣ ва пуштибонӣ мешавад, -гуфт Матлубахон Сатториён ва афзуд, ки ба таъкиди Сарвари давлат 5500-солагии бостоншаҳри Саразм аз ҷониби марказҳои бонуфузи ҷаҳонии бостоншиносӣ, олимони барӯманди сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва собит шудааст.

Дар гузориши сарвари пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент, номзади илми педагогика Норинисо Худоёрова ҷойгоҳ ва нақши бостоншаҳри Саразм, ёдгории асрҳои 5-7-и милодӣ Панҷакенти қадим , ки беш аз 70-сол боз пайваста аз ҷониби олимони хориҷа ва ватанӣ таҳқиқ мешавад ва бо деворнигораҳои беназираш дар ҷаҳон машҳур аст, матраҳ шуд.  Ба таъкиди ӯ ҳафриёти имсола, ки ҳоло идома дорад, боқимондаҳои растаҳои ҳунармандонро ошкор намуд ва ин бори  дигар собит месозад, ки Саразм 5500-сол муқаддам шаҳре будааст бо ҳама махсусиятҳои шаҳри он замон.

Ҳоло тибқи қарори Ҳукумати мамлакат омодагӣ ба ин санаи таърихӣ идома дорад ва то моҳи сентябри соли оянда бояд 29 иншооти гуногун ба шумули  осорхона , бемористон, муассисаҳои таълимӣ бунёд шуда,  болопӯшҳои ҳафриёт, панҷараи ҳудуди он, роҳҳо таҷдид шуда, даҳҳо номгӯй маҳсулоти чопӣ ба нашр расонида шавад.

Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, табиати биҳиштосо, мавзеъҳои зебои истироҳатӣ кайҳост, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ қарор гирифтааст. Бо эълон шудани Солҳои рушди деҳот ,сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳ ба ин соҳа афзуда, барои такмил ва бунёди инфрасохтори он корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд. Ҳоло дар шаҳр 19 ширкати сайёҳӣ, ташкилоти ҷамъиятии рушди туризм дар водии Зарафшон,  3 маркази иттилоотии сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, 8 меҳмонхона,  22 хонаҳои пазироии сайёҳон, нуқтаҳои зиёди хуроки умумӣ, пойгоҳи сайёҳӣ- кӯҳнавардии “Артуч” бо 115 ҷои хоб, пойгоҳи сайёҳии “ Марғузор” дар силсилакӯлҳои Ҳафткӯл бо шароити созгори пазироӣ фаъолият доранд.

Ин имконият фароҳам овард,ки соли 2018-ум  танҳо ба воситаи ширкатҳои сайёҳӣ 1435 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 2856 нафар сайёҳони дохилӣ аз Панҷакент боздид ба амал оранд ва гардиши маблағ дар ширкатҳо нисбати соли пешин 175 фозро ташкил диҳад. Ҳамчунин дар ин сол аз осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ, пойгоҳи  бостоншиносии  Саразм ва Панҷакенти қадим, оромгоҳи устод Рӯдакӣ беш аз 44 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ  боздид намудаанд.  Бо такмили инфрасохтори соҳа, омода намудани  мутахассисони варзида, армуғонҳо аз ҳунарҳои мардумӣ ва меваю шириниҳои миллӣ аз он фоидаи боз ҳам бештар гирифтан мумкин аст.

Ин маънӣ дар гузоришҳои мудири бахши рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Муҳаммадазиз  Бобомирзоев ва декани факултаи менеҷменти донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, номзади илми иқтисод Умеда Боқиева баён гардид.

Мулоқоту сӯҳбатҳо

     Гулгашти Рудакӣ. Шоми шанбе  гулгашти Рӯдакии шаҳри  Панҷакент ҷои сӯҳбату мулоқот бо мардум ва тамошои барномаи ҳунарии санъаткорони шаҳр буд.   Дар ин барнома бори нахуст суруди  “ Паёми ҷовидон”, ки муаллифаш раиси кумиҷроияи ҳизб дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода аст, садо дод ва боиси таҳсини меҳмонону ҳозирин гашт. Нақороти сурудро ҳозирин ҳамроҳи ҳофизон такрор менамуданд:

Ҷасорат аст, ҳизби халқ,

Асолат аст ҳизби халқ,

Рафоқат аст, ҳизби халқ,

Саодат аст, ҳизби халқ.

Ин ҷо аъзоёни ТҶ “Созандагони Ватан” , ки болопӯшҳоеро бо нишони ҳизб ба бар карда буданд, ба ҳозирин варақаҳои тарғиботии ҳизбро тақдим менамуданд.

Гар дасти фитодае бигирӣ.  Ҳангоми ин сафари хидматӣ раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Матлубахон Сатториён ду нафар эҳтиёҷмандон – модари танҳо Мамлакат Ҳусейнова ва маҷрӯҳи гурӯҳи якум Саидҷон Каримовро аёдат намуда, аз ҳолу рӯзгори онҳо пурсон шуданд. Ин боздидро онҳо чун нишони ғамхории Пешвои миллат ва раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳтиёҷмандону маъюбон пазируфтанд ва изҳори сипос намуданд.

Дар Панҷруду Мазор. Дар ин ду деҳа, ки ба олам ду шахси бузургро  ҳадя кардааст, раиси кумиҷроияи вилоятӣ   Матлубахон  Сатториён  ва ҳамроҳонашон оромгоҳи сардафтари адабиёти клласикии форсу тоҷик, устод Рӯдакӣ ва хона- музеи Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералиро зиёрат намуда, бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Лоиқ мулоқоти судмандеро анҷом доданд. Дар ин сӯҳбатҳои самимӣ сухан аз мӯҳтавои сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат, ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва масъалаҳое рафт, ки имрӯз мардумро машғул медорад.

… Ҳангоми бозгашт дар сари ҳамроҳон ҳавои дигар буд. Сӯҳбат аз диду боздидҳо, мардуми меҳмоннавоз, ҳизбиёни масъулиятшиноси ин шаҳри бостонӣ, ободкориҳою созандагиҳо ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти кишвар, 5500-солагии бостоншаҳри Саразм мерафт ва гӯё ин хотираҳо поён надошт…

                                                                      Моҳира  РАҲИМЗОДА,

Турдибой СОЛЕҲЗОДА

                                                     Хуҷанд- Панҷакент- Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>