Шаҳристон: қирғизҳо аз моҷароҳои марзӣ нигаронанд

ворух

Мо, тоҷикон миллати озодихоҳ, сулҳпарвар, меҳмондӯст, бомаданияту бомарифат мебошем. Тоҷикон миёни миллатҳои дунё бо фарҳангу маданияти волои худ мақоми шоиста доранд. Чунин фарҳанги волоро тоҷикон дар муносибат бо халқу халқиятҳои дигар низ риоя мекунанд. Чунончӣ, дар ноҳияи Шаҳристон миллатҳои тоҷик, ӯзбек, қирғиз ва қазоқ муттаҳидонаву аҳлона зиндагӣ мекунанд. Байни онҳо муносибатҳои хешутаборӣ ба миён омада, хусумату кинаву адоват тамоман вуҷуд надорад.

Бештари қирғизҳо дар деҳаи Фирдавсӣ, қисмати ҷануби ноҳияи Шаҳристон зиндагӣ карда, асосан ба чорводорӣ машғуланд. Онҳо аз сар задани ҳодисаҳои нохуш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигарон мебошанд.

“Мо ҳама як инсон ҳастем. Метавон баҳсҳои марзиро бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл кард, на бо истифодаи силоҳ. Чунин муносибат ба шаъни ҳамсоядорӣ хос намебошад. Бояд суннатҳои деринаи ҳамсоягиро риоя кард”- таъкид мекунанд сокинони минтақаи қирғизнишини Шаҳристон.

Бояд қайд намуд, ки сокинони ноҳияи Шаҳристон, аз он ҷумла, миллатҳои гуногун сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, баҳри амалигардии ҳадафҳои созандаи он талош ба харҷ медиҳанд. Зеро хуб медонанду дарк мекунанд, ки ин сиёсат ба зиндагии ободу осудаи мо, шаҳрвандон нигаронида шудааст. Вале ноил шудан ба ин ҳадафҳо аз пойдории сулҳу осоиштагӣ вобаста мебошад. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳо ва афроде ҳастанд, ки оромиву субот, дӯстиву рафоқат байни ҳамсояҳоро халалдор кардан мехоҳанд. Дар ҳодисаҳои Ворух низ дасти манфиатхоҳон – иғвогарону дасисабозон эҳсос мешавад. Бинобар ин, набояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корияшон ба шаҳри Исфара сокинони ду кишварро ба таҳаммулпазирӣ, риояи суннатҳои ҳамсоядорӣ даъват карданд. Зимни ин сафар бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот анҷом дода, масъалаҳои марбут ба марзро баррасӣ карданд. Инминон дорем, ки ин муаммоҳо ҳалли худро пайдо мекунанд ва мардуми ду кишвар бо рафоқату дӯстӣ зиндагии пурсаодати худро давом медиҳанд.

 

Зебо ПРИМҚУЛОВА,

Соҳибҷон ҒОИБОВ,

КИ ҲХДТ дар

ноҳияи Шаҳристон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>