ВОРУХ — пораи Тоҷикистон

ворух

Охири моҳи июл муташанниҷ гардидани вазъ дар сарҳад бо Қирғизистон аҳли ҷомеа, ба хусус занону модаронро ба ташвиш овард, зеро ягон модар тарафдори ҷанг ва хунрезӣ нест. Дар натиҷаи тирандозии ҷониби Қирғизистон 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 7 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Халқи тоҷик аз қадимулайём ҷонибдори сулҳ аст ва дар тӯли таърихи дароз бисёр гузаштҳо кардааст. Тавре ки шоири бузурги тоҷик Лоиқ фармудааст:

Паҳнаҳоро ба кӯчиён додем

Сокини кӯҳсор гардидем

Кушт моро агарчи сад миллат

Миллати бахтиёр гардидем

Оре, мо мардуми азияткашидаи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем. Дар ин ҷанг модари тоҷик қисми зиёди фарзонафарзандон ва абармардонашро, ки ба онҳо олимону шоирон, ҳуқуқшиносону омӯзгорону табибон дохил буданд, аз даст дод. Хушбахтона, бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг хомӯш карда шуда, бо мурури замон зиндагии мардум осуда гардид. Ва имрӯз ягон тоҷику тоҷикистонӣ намехоҳад дар Ватанаш ва умуман дар тамоми дунё ҷанг бошад, овози тиру тӯп садо диҳад. Ҳама хоҳони онанд, ки ба ҷойи садои тиру туфанг дар тамоми дунё садои хандаи хушбахтонаи тифлон танинандоз бошад.

26-уми июли соли равон бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вохӯрӣ барпо намуда, бо сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва Оқсойи вилояти Ботканд сӯҳбати ошкоро гузарониданд. Зимни сӯҳбат таъкид карда шуд, ки сокинон ба иғво дода нашаванд ва ҳамеша муносибати дӯстонаро пеша намоянд. Бале, тоҷики тоҷдору номвар ҳамеша роҳи мусолиҳатомези масъаларо ҷуста, онро бо сулҳу салоҳ хотима мебахшад.

Поянда бошанд, тоҷикони сарбаланд бо сарварии  Пешвои хирадманд!

Абдуғанӣ Қобилзода

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>