ДУР АЗ АСЛИ ХЕШ НАБОШЕМ!

1(5)

Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол нав ба синни 28 даромадаву мустақилияти давлатиашро ба даст гирифтааст. Ҳамин буд, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии олам ба пеш, ба роҳи ободиву озодӣ мунтазам қадам мезанад, ки ин ифтихори тамоми мардуми хештаншиноси миллати кӯҳантамаддуни тоҷик бояд бошад. Мутаассифона, имрӯз боз як қабил афродон ҳамаи ин озодиву ободӣ ва ин мустақилияти давлати  комилҳуқуқамонро нодида гирифта, фирефтаи ду танга пули ночиз ва ё ҳар гуна суханҳои бардурӯғу ифротгароёна мегарданду роҳи худро дар чаҳорсӯи зиндагӣ гум мекунанд. Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки алалхусус ҷавонони мо ба фиребу найранги бардурӯғи хоҷагони беруна бовар намуда, имрӯз ба хотири чанд дирҳам худро дар майдони бесару сомони дигар мамоликҳои дунё мебинанд. Магар эшон дар зиндагӣ дигар орзуву омол ё ёру бародар  ва модару фарзанд надоранд, ки бидуни андеша ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна шомил гардида, амнияти ҳаёти худ ва хешу ақрабояшро дар хатар мегузорад. Афроди комилақл наметавонад ин корро кунад, зеро ҳар як сухану ваъдаҳое, ки гурӯҳҳои мухолифин мегӯяд ба зиндагии орому осоиштаи мо зарар меорад, на нафъ.

Тавре аз баромадҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд «қабл аз он ки мо ба бунёдкориву созандагӣ даст бизанем, сараввал бояд аз ҷавонон то калонсолон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем», зеро ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна амалҳои сиёсатбозист. Якпорчагии ин марзу бум барои ҳар кадоми мо муҳим аст, ба хотире ки баҳри ба даст овардани хазорҳо нафар дар роҳи адолату хақиқат ҷоннисориҳо кардаанд. Дуруст аст, ки барои  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо нафар ҷони худро фидои ин сарзамини муқаддас намудаву сад афсӯс, ки дар ҳамон замон  ҳам як қабил нафароне хони миллатро  пушти по задаанд ва то кунун ҳастанд нафароне, ки  намехоҳанд кишвари замоне ҷангзадаву имрӯз дарои истиқлолият шуда, пеш раваду дар ҳоли рушд бошад. Ба ҳамин  маънӣ чанд сухани дигереро ҳам мехоҳам замима кунам, зеро ҷоизи қайд аст, ки як гурӯҳи  махсуси  террористон  дар ҳамаи  манотиқи олам  маскан гирифтаву  кори тарғиботиву  ташвиқотии  хешро идома дода истододаанд ва   сабаби гумроҳ намудаи ҷавонони мо дар он аст, ки дар  ниҳоди  онҳо  илми дини  мубини  Исломро ғалат  мефаҳмонанд, гуё  агар  фирефтагон  ба суханони бадхоҳон  амал кунанд,  дунёро аз ҳамаи  нопокиву олудагиҳо  софу тоза  мегардонанд. Дар  ҳоле, ки  ҳамаи ин  баръакси кор аст.  Эшон  бо ин амалашон дар кишвари мо  нооромиро эҷод мекунанд, худашон доғеро   дар ҷомеа  мӯҳр мезананд .

Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард.

Умедҷон Мақсудов,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>