Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ

20190729_143318

Баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, нақши бонувон дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъмини занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ аз муҳимтарин мавзуъҳое буданд, ки зимни мулоқот дар сехи дӯзандагии «Дурахшон» матраҳ шуданд.

Дилшод Рӯзиматов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таъкид намуд, ки масоили марбут ба ҳаёти бонувон дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Гуфта шуд, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мекунад.

«Занону бонувон дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир доранд. Маҳсули дастони занони ҳунарманд омили мухими муаррифии кишвар буда, масъулини ҲХДТ ҷиҳати дастгирии ин қишри ҷомеа иқдомҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд» — таъкид шуд дар мулоқот.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>