Истиқлолият – дастоварди нодир

IMG_20190729_142204

«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланди тоҷик буда, неъмати пурқимат ва дастоварди бузург маҳсуб меёбад» — таъкид шуд зимни мулоқот дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк». Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич перомуни  дастовардҳои истиқлолият,  ҳифзи сулҳу ваҳдат, таҳкими суботи сиёсӣ суханронӣ намуда, аз неъматҳои  замони истиқлолият хотиррасон шуданд.  Гуфта шуд, ки муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди тоҷик буда, аз сокинони кишвар саъю талош ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад.

Аз иштирокчиёни мулоқот даъват шуд, ки ба қадри неъматҳои истиқлолият расида, арзишхои миллиро арҷ гузоранд ва ҷиҳати омодагӣ ба  маъракаи муҳими сиёсӣ «Интихобот – 2020» фаъолиятро ҷоннок намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>