Оилаи солим – ҷомеаи солим

LOGO

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар минтақаи Ёва маҷлиси “Шӯрои муросо” баргузор шуд, ки дар он перомуни нақши оила дар рушди ҷомеа ҳарф заданд.

Таъкид шуд, ки оила дар фарҳанги мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

Ҳамзамон, омилҳои ҷудошавии оилаҳо ҳини ин мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа масоили муноқишаҳои се оилаҳои ҷамоат, ки ба Шӯрои муросо муроҷиат намуда буданд,  матраҳ гардида, ду оила ба муросо омаданд.

Солиева М, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки асоси бунёди миллат ва ҷомеаи солим аз фазои солими оила вобаста аст. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати пешгирии зуҳуроти пошхӯрии оилаҳо дастҷамъона бояд мубориза бурд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>