Корҳои тарғиботӣ вусъат мегиранд

1111111111

Имрӯз дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд мувофиқи нақшаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва омодагӣ ба маъракаи интихоботҳои соли 2020 ҷаласаи корӣ бо тарғиботчиёни фаъоли ҳизб баргузор гардид. Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд А.А. Шарифзода тарғиботчиёнро бо нақшаи кории тарғиботӣ шинос намуда, таъкид намуд, ки  мо  масъулин ва фаъолони ҳизбро зарур аст, ки аз имрӯз эътиборан барои истиқболи сазовори ҷашнҳои бузург ва маъракаҳои муҳимми сиёсии дар пеш истода омодагии ҷиддӣ дида, корҳои фаҳмондадиҳиро байни қишрҳои гуногуни ҷомеа самарнок ба роҳ монем. Ҳамзамон, меҳвари асосии тарғибу ташвиқ мавзӯъҳои нақши ҲХДТ дар раванди пешравиҳои ҳаёти ҷомеа, дастдовардҳои  даврони Истиқлолият ва арзишҳои миллиро дар бар гирад. Ба тарғибгарон маводи ёрирасон аз қабили  маҷмӯаи мақолаҳо “Ғояҳои умедбахш”, маълумот оид ба  корҳои ба анҷомрасидаи вилоят то имрӯз бахшида ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷмӯаи қонунҳои дахлдор дастрас карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>