Вохӯрӣ дар Кӯлканд ва Чилгазӣ

изображение_viber_2019-08-07_14-08-05ииии

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруриддин Зиёвадинзода, муовини раиси кумиҷроияи мазкур Обидбой Аҳмадов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа Мутриба Бобоҷонова, мудири шуъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ Фирӯзахон Раҳимӣ, муҳаррири масъули ҳафтаномаи “Сухани халқ” Моҳира Раҳимзода ва собиқадори меҳнату ҳизб Шуҷоат Ҳасанова зимни вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри мазкур доир ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои дар Паёми Сарвари давлат зикршуда, нақши ҲХДТ дар пешрафти ҷомеа, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллат ва эълом гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳифзи истиқлолияту ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм суханронӣ карданд.

Ҳамчунин, мавзӯъҳои бегонапарастӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баррасӣ гардид. Сабабу омилҳои даст ба ҷиноят задани бархе аз ноболиғону ҷавонон ва хатарҳои рӯзафзуни терроризм ва экстремизм шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар бораи воқеаҳои марзии байни сокинони Исфара ва деҳаҳои наздисарҳадии кишвари ба мо ҳамсояи Қирғизистон табодули афкор сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>