Озмун: “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам”

нон

Дар тарабхонаи “Абдуворис”-и шаҳри Исфара дар доираи барномаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба истиқболи 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ озмуни шаҳрӣ таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” баргузор шуд.

Дар озмун нонпазони моҳири 12 ҷамоатҳои шаҳру деҳот, беморхонаи марказӣ ва дигар ташкилоту идораҳо фаъолона иштирок намуданд.

Муаррифии нонҳои зебову лазизи кадбонуҳои Исфарамарз баёнгари ҳаёти ободу осудаи мардумони меҳнатқарини порае аз хоки кишвари соҳибистиқлол буда, аз фаровониву файзи дастархони сокинони ин сарзамин гувоҳӣ медод.

Бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми кишвар ва ободиву осоиштагӣ озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон қадршиносӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>