Нашрияҳои ҳизбӣ — минбари афкори мардум

LOGO

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо кормандони бонки  «Оксус» вох­­­­урӣ  намуданд. Таъмин намудани нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти тарғиботӣ ҳини ин мулоқот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Фозилова Парвина, мудири шуъбаи омори кумиҷроияи ноҳия оид ба нақш ва аҳамияти нашрияҳои ҳизбӣ дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими кишвар ва тарғиби ғояҳои ҳизб суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” дар баробари инъикоси ҳаёти ҳизб, инчунин ҷиҳати мунъакис намудани рушди соҳаҳои хоҷагии халқ мавқеи намоён доранд.

“Нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани  халқ” оинаи зиндагии мардум буда,  минбари тавонои ифодаи афкор ва мулоҳизаҳои халқ маҳсуб меёбад”-таъкид шуд дар мулоқот.

Ҳамзамон, аз ҷониби масъулини кумиҷроияи ноҳия ҷиҳати вусъат додани маъракаи обуна дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>