Омӯзгор — қишри пешбар

20190807_105148

Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо омӯзгорони МТМУ №38-и ҷамоати деҳоти Меҳробод мулоқот намуда, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълиму тадрисро матраҳ намуданд. Пешгирии амалҳои номатлуб миёни хонандагон, татбиқи амалии Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва моҳияти асосии Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз мавзуъҳои дигари ин мулоқот маҳсуб мешуд.

Дар бораи ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, Мӯътабар Мадаминова, раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроия ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки омӯзгор қишри пешбари ҷомеа буда, ҷиҳати таълиму тарбияи насли ояндабунёди кишвар рисолати пурмасъул бар дӯш орад. Аз ҷомеаи омӯзгорон даъват карда шуд, ки аз усулҳои фаъоли таълим истифода намуда, ҷиҳати баланд бардоштани саводи хонандагон ва мусаллаҳ шудани онҳо бо донишҳои муосир корбарӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>