Иқдоми шоистаи пайравӣ

02

Амирҷон Анварзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз Ҷумабой Ҳасановро аёдат ва ба ӯ аробачаи маъюбӣ тақдим намуд. Ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ ва дар доираи таҷлили Иди Қурбон ҷиҳати дастгирии ашхоси ниёзманд роҳандозӣ гардид.

“Қишри ниёзманди ҷомеа дар маркази таваҷҷӯҳи ҲХДТ қарор дошта, барои дастгирии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешавад” — гуфт раиси кумиҷроия.  Таъкид гардид, ки  ҲХДТ барои некӯаҳволии халқ фаъолият намуда, таъмини зиндагии арзанда ва шоистаи мардум меҳвару ҷавҳари фаъолияти ҳизбро ташкил медиҳад.

“КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров на танҳо дар арафаи таҷлили ҷашну маъракаҳои муҳим қишри ниёзмандро дастгирӣ мекунад, балки ин иқдом дар меҳвари фаъолияти кумиҷроия қарор дорад” — афзуд Амирҷон Анварзода.

Ҷумъабой Ҳасанов аз таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳизбиён изхори сипос намуда, барои ободӣ ва сулҳу оромии Тоҷикистон дасти дуо бардошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>