Ободонӣ — мароми ҲХДТ

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар ташкилоти ибтидоии Атабоев ҳашари ободонӣ гузаронида шуд. Ин иқдом дар доираи эълон шудани 1300 меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
“Тақвият додани корҳои созандагию ободонӣ дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани маъракаҳои муҳими сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешавад” — гуфт Рустам Қодирӣ, раиси кумиҷроияи ноҳия.
Дар доираи ҳашари ободонӣ гирду атроф ва ҷӯйборҳо аз партов тоза карда шуданд.
Чунин иқдом дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ идома дорад.
Добавить комментарий