КИВ ҲХДТ: собиқадорон дар маркази таваҷҷӯҳанд

IMG_2388

Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Маликисломӣ Наим Муннавар, раиси кумиҷрояи шаҳри Хуҷанд собиқдорони ҳизбу меҳнат, занони фаъоли шаҳр Хосият Зокирова ва Ҳамроҳхон Тоҳироваро аёдат намуданд.

Раиси кумиҷроияи вилоятӣ гуфт, ки собиқадорони ҳизбу меҳнат ва ашхоси фаъоли ҷомеа дар меҳвари таваҷҷӯҳи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, қадршиносӣ ва дастгирии онҳо аз ҳадафҳои муҳими барномавии ҲХДТ маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки собиқадорон дар рушду пешрафти кишвар саҳми бориз дошта, пайроҳаи зиндагии онҳо барои насли ояндасози ҷомеа – ҷавонон намунаи ибрат ва пайравӣ аст.

Аёдатшудагон аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории масъулини ҲХДТ миннатдорӣ намуда, барои суботи сиёсӣ, рушди устувори кишвар ва сулҳу оромии Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.

Бахшида ба Иди Қурбон чунин иқдомҳои наҷиб бо ташаббуси кумиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ низ идома дорад.IMG_2406

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>