Шодмонии бошандагони Хонаи пиронсолон

изображение_viber_2019-08-09_15-08-29

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар арафаи иди саиди Қурбон аёдати шахсони яккаву танҳо, пирону барҷомондагон ва ятимону бепарасторон ба роҳ монда шудааст.

Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроияи вилоятӣ Фирӯзахон Раҳимӣ аз ҳолу аҳволи бошандагони Хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд бохабар гардида, аёдати онҳоро ба ҷо овард.

Фирӯза Раҳимӣ бошандагони муассисаро аз номи кумитаи иҷроияи вилоятӣ бо иди саиди Қурбон табрик гуфта, барояшон саломативу бурдборӣ таманно кард.

Ба бошандагони муассиса тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. Бошандагон дасти дуо бардошта, шукри оромиву осоиштагии кишварро ба ҷо оварда, орзу намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳамеша тинҷиву амонӣ ва сулҳу осоиштагӣ побарҷо бошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>