МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСОЯГАРИИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ БОЯД ФАЪОЛ ГАРДАД

ворух

Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза идоракунии давлат ва бурдани сиёсати давлатӣ хеле ҳассос ва мушкил гардидааст. Ин ҳолат дар бархе кишварҳои Осиё, бахусус, Осиёи Миёна баръало мушоҳида мерасад, зеро кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба ҳар васила мехоҳанд, ки бозингари асосӣ дар минтақа бошанд ва манфиатҳои хешро дар он ҷо пиёда созанд.

Ташкили ҳизбҳои экстремистӣ, ба вуқӯъ пайвастани актҳои терорристӣ ва ба шуури шаҳрвандон бор намудани ақидаҳои бегона дар кишварҳои Осиёи Миёна вазъро дар минтақа осебпазир намудааст. Гузашта аз ин, бархе аз давлатҳои абарқудрат кӯшиш менамоянд, ки байни кишварҳои Осиёи Миёна ҷудоӣ андохта, бо роҳандозии масъалаҳои кӯчак ихтилофу низоъ ангезанд. Ин оқибатҳои нангин ба вуҷуд оварда, дар натиҷа мардуми наздисарҳадӣ азият ва нооромиро аз сар мегузаронанд.

Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои боз дар кишвар амал карда, сиёсати хориҷии кишвари мо, яке аз намунаи олии ҷодаи дипломатия дар ҷаҳон эътироф шудааст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгирона ва таҳаммулпазиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти кишвари ба мо дӯсти Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои зиёда аз 20 сол қатъшуда бо ин кишвар аз нав барқарор ва роҳандозӣ карда шуд. Сафарҳои давлатии Президентҳои мамлакатҳо саҳифаи нав дар таърихи давлатии ин ду миллат боз намуд. Имрӯз мардум аз ин сиёсати пешгирифтаи ду давлат шоду мамнун буда, мубодилаи молу коло баротиб афзуда, аз ҳама муҳимаш, риштаи кандашудаи хешутабории ду тарафи марз аз нав барқарор ва мустаҳкам гардид.

Чунин сиёсати ҳамгиро ва ояндасоз бо Ҷумҳурии Қирғизистон низ роҳандозӣ гардидааст. Вале мутаассифона моҳҳои охир муносибатҳои сарди байнисарҳадӣ ва нофаҳмиҳо миёни маҳалҳои наздисарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон бинобар тӯл кашидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад ба вуқӯъ пайвастанд. Бархе гурӯҳҳои дохиливу хориҷӣ аз ин истифода намуда, кӯшиш карданд, ки ин муносибатҳо боз ҳам шиддат гирад ва дар минтақа низоъ пайдо созанд.

Вале бо раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков садди роҳи ин муааммо гирифта шуд.

Сарони ду давлат чанд рӯз қабл музокироти васеъро дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар фазои эътимоди комил, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор намуданд. Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи онҳоро муайян намуданд.

Бовар дорем, ки бо таҳким бахшидан ба дӯстии ин ду миллат барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус, афзоиши гардиши мутақобилаи мол ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории бузург мусоидат хоҳад намуд.

Мо бояд аз ҳарду ҷониб барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои ҳамсоягарии тоҷику қирғиз мусоидати фаъол намоем.

Аъзои Шӯрои занони

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>