БА ЭҲСОСОТ ДОДА НАШАВЕД!

ворух

Мардуми тоҷик аз қадим сулҳпарвару сулҳҷӯй будаву ҳаст. Таърихи башарият дар хотир надорад, ки ба суйи қавме ё халқияте ҳуҷум оварда, мулкашонро забт карда бошем. Аммо ин маънои онро надорад, ки миллати мо тарсуву ҳақир буда, ба душманони аҷнабӣ сар фуруд овардааст. Баръакс дар дарозои таърих фарзандони шердили ин сарзамин чун Шераку Спитамен, Муқаннаву Деваштич, Маҳмуди Торобиву Темурмалик мардумро зидди истилогарон бардошта, дар  роҳи озодиву истиқлолияти кишвар сари хешро ба бод додаанд.

Воқеаҳои нохуше, ки чанде қабл дар минтақаи Ворухи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рух дода, боиси талафоти ҷонии як ҳамватани мо ва захмдор гардидани чанд тан гардид, боиси нигаронии ҷомеа шуд. Мусаллам аст, ки ин амали баъзе “гурӯҳҳои  ғаразнок” мебошад, ки ният доштанд дар ростои вохӯрии роҳбарони ҳар ду кишвар бо роҳи иғвоангезӣ, рахна дар дӯстии чандинасраи миллати тоҷику қирғиз андозанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз тоҷикону қирғизҳо ба эҳсосот дода шуда, мардумро ба интиқому муборизаву хунрезӣ таҳрик карданӣ шуданд, ки чунин ҷараён ёфтани воқеа, айнан мувофиқи мақсади ин гӯруҳҳои манфиатдор аст.

Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизи худ Сооронбой Жээнбеков нахуст дар Исфара, баъдан, дар Чолпон — Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот доир намуда, ба чашми ин гурӯҳҳои моҷароҷӯй хок пошиданд. Сарварони ҳар ду давлат ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, таҳкими эътимод миёни мардуми тоҷику қирғиз, хусусан, минтақаҳои наздисарҳадӣ ба тавофуқ расиданд. Умед бар он мебандем, ки ин дидори сарони ҳар ду кишвар дӯстии халқҳои тоҷику қирғизро  тақвият бахшида, равобити ин ду халқи ба ҳам дӯстро қавитар хоҳад кард.

   Х.Фарсоев,

мудири шӯъбаи ташкилии

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен         

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>